Даргузашти нависандаи маъруфи кӯдакон Гулчеҳра Муҳаммадиева
Нависандаи шинохтаи кӯдакон Гулчеҳра Муҳаммадиева дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт. Номбурда пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ фаъолияти худро аз омӯзгорӣ оғоз карда, сипас дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият дошт.
Гулчеҳра Муҳаммадиева ҳамчун нависандаи маҳбуби кӯдакон бо китобҳои афсона, масал ва ҳикояҳояш ба монанди «Як шаб», «Афсонаи товус», «Яке буд, яке набуд…», «Тӯй дар беша» маъруф аст. Осори эшон ба забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ тарҷума шудаанд.
Гулчеҳра Муҳаммадиева бо ҷоизаҳо ва унвонҳои баланд, аз ҷумла медали «Хизмати шоиста» ва унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Дар зер нигоштаи рӯзноманигор Одил Нозир манзури хонандагон мегардад.
ЁДАТ БА ХАЙР, АПАИ ГУЛЧЕҲРА!
Хабари даргузашти нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева имрӯз маро ғофилгир кард. Чанде пеш, дар яке аз маҳфилҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон эшонро дида будам. Нағз буданд. Вақтҳои охир ба назарам бисёр лоғар шуда буданд, вале пурэнержӣ буданд. Бо табассуми малеҳ салому алейк мекарданд ва модарона ҳолу аҳвол мепурсиданд…
Банда бо Гулчеҳра Муҳаммадиева ногаҳон шинос шуда будам. Як рӯзи соли 2014 бо ҳамкурсам Зуҳриддин Умаров ба китобхонаи миллӣ рафтем. Гуфтанд дар ошёнаи 3 маҳфили рӯнамоии китобе ҳаст. Мо ҳам рафтем. Бонувони меҳрубони китобхона моро хуш пазироӣ карданд ва ному насабамонро навишта гирифтанду яктоӣ китоби тозанашр доданд. Он китоб романи “Чордодарон”-и Гулчеҳра Муҳаммадиева буд. Ростӣ ин ном бароям ноошно буд, вале дар маҳфил устодон Гулрухсор, Саттор Турсун, Кароматуллоҳи Мирзо, Зулфия Атоӣ, Нур Табаров, Аламхон Кӯчарзода ва дигар чеҳраҳои ошнои адабиётро дида, дарк кардам, ки ин нависанда ба ҳар ҳол чеҳраи ноошно нест. Дере нагузашта нахустин генералзани тоҷик Саодат Амиршоева бо салобати хоси худашон вориди толор шуданду маҳфил оғоз шуд.
Гуфта шуд, ки Гулчеҳра Муҳаммадиева зодаи Фархор аст. Баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ фаъолияти меҳнатиро аз омӯзгорӣ сар карда, сипас, ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ мегузарад. Дар мансабҳои котиби Кумитаи комсомол, Инструктори Кумитаи ҳизбӣ ва муовини раиси ноҳияи Фархор фаъолият бурдааст. Ҳамон рӯзҳо мудири Шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
Дар баробари масъулияти корӣ ба фаъолияти эҷодӣ машғул шуда, ҳикояву қиссаҳояшон «Як шаб» (2007), «Қасоси зан» (2008), «Бонувони Фархор» (2011), «Бӯйи модар» (2011) нашр шуда буд. «Чордодарон» (2014) нахустин романи эшон буд.
Дар маҳфили рӯнамоии “Чордодарон” бузургону азизоне, ки дар боло номбар кардам ва мутаассифона аксарияташон имрӯзҳо ба даъвати Ҳақ лаббайк гуфтанд, суҳбатҳои самимӣ карданд. Ҳама апаи Гулчеҳраро зани меҳрубон, самимӣ, боиффат ва хушахлоқу хушқалам сифат мекарданд, аз хотироташон мегуфтанду асарҳояшонро баррасӣ мекарданд.
Баъди маҳфил банда романи “Чордодарон”-ро дар як шаб хондам. Роман аз рӯзгори қаҳрамони асосӣ – амаки Раҳим ва фарзандонаш қисса мекунад, ки сарнавишт онҳоро бо имтиҳонҳои ба назар сода, вале шадид – муносибати инсонӣ, шебу фарози зиндагӣ, бархӯрд бо молу сарвати дунё месанҷад… Сабақи ин асар, ки аз рӯзгори ҳамзамонони мо қисса мекунад, ҳамон мавзуъи ҷовидонаи адабиёт аст – муҳаббат байни инсонҳо. Дар умум ҳама асарҳои Гулчеҳра Муҳаммадиева аз рӯзгори инсонҳои ҳамзамони мо қисса мекунанд. Мо он қаҳрамонҳоро мешиносем, яке ҳамсоя, яке ҳамкор, яке маъшуқа, яке ошиқ, яке хешу пайванди мо ҳастанд. Онҳо ҳам дар зиндагӣ иштибоҳ мекунанд, дар шадидтарин имтиҳони қисмат қарор мегиранд ва роҳеро пайдо мекунанд, ки онҳоро ба саодат мерасонад. Паёми нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева дар аксари асарҳояш ба хонандааш ин аст, ки дар зиндагӣ шитоб накунанд, барои тасмим гирифтан андеша намоянд ва аз ҳама муҳим дар қалбҳо тухми муҳаббат парвариш намоянд. Танҳо муҳаббат аст, ки инсонро хушбахту сарфароз мекунад…
Пас аз мутолиаи романи “Чордодарон” ба апаи Гулчеҳра занг задам. Во хӯрдему суҳбат оростем. Он мусоҳиба дар ҳафтаномаи “Оила” нашр шуд. Ҳамчунин, дар нашри дуюми романи “Чордодарон” ҳамчун охирсухан чоп шудааст. Ҳамин тавр, шиносии мо бо апаи Гулчеҳра оғоз шуд ва то имрӯз муносибати самимии дӯстона доштем, эшон дар ҳар ҷо, ки маро бинанд модарвор ҳолпурсиву меҳрубонӣ мекарданд. Дар рӯнамоии ҳамаи асарҳояшон маро даъват мекарданд. Банда ҳам эҳтиромашонро ҳамеша ба ҷо меовардам.
Чанд сол қабл, як рӯз ба дидорбинии устод Саттор Турсун рафтаму устодро ғарқи мутолиаву таҳрири як мусаввада дарёфтам.
– Гулчеҳра китобашро ба банда овардааст, ки хонаму қалам занам ва агар салоҳ донам сарсухан нависам…
– Аҷалашон расидааст, ки ба шумо овардаанд, – гуфтам бо шӯхӣ ба ҳамсари устод Ҷавҳари Саидназар ва ҳар ду хандидем. Зеро устод Саттор Турсун дар таҳрир бисёр сахтгир буданд ва агар зарур ояд метавонистанд, ки сарзаниш кунанд.
Дере нагузашта ин китоб тариқи нашриёти “Адиб” таҳти унвони “Мунтахаби осор” бо сарсухани устод Саттор Турсун нашр шуд ва маросими рӯнамои он ҳам дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузашт. Он ҷо устод Саттор Турсун ишора карданд, ки Гулчеҳраро азоб додам… Дар посух апаи Гулчеҳра гуфтанд: – “Устод эродҳои шумо барои ман омӯзанда буданд. Ҳамкорӣ бо шумо барои ман мактаби маҳорати эҷодӣ буд…” Бале чунин инсон буданд, апаи Гулчеҳра. Аз нақд ҳарос надоштанд, намеранҷиданд ва барои такмили асарҳояшон талош мекарданд. Чун хеле дер ба кори эҷодӣ сар карда буданд, то охири умр омӯхтанд ва аз таҷриба намеҳаросиданд.
Маҳз ҳамин омӯзишу ҷустуҷӯ ва таҷриба сабаб шуд, ки апаи Гулчеҳра ба адабиёти кӯдак даст заданд ва ба назарам дар ин соҳа бештар муваффақ шуданд. Китобҳои зиёди афсонаҳо, масалҳо ва ҳикояҳояшон барои кӯдакону наврасон нашр шуд. Аз ҷумла «Навҳаи асп» (с.2016), «Ору ва шоҳпарак» (с.2017), «Сафинаи муҳаббат» (с.2017), «Афсонаи товус» (с.2017), «Дунёи бачаҳо» (с.2018), «Яке буд, яке набуд…» (с.2018),« Кабутари сулҳ» (с.2019 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чоп шудаанд), «Гули лола» (с.2019), «Ғалабаи Ситора» (с.2019 ба забонҳои англисӣ ва арабӣ тарҷума шудааст.), «Яке буд, яке набуд…» (с.2019), «Офтоби оламоро» (с.2020), «Чор ҳикоя» (с.2020), “Гулчини осор”(с.2020), «Меҳмони кайҳонӣ» ( с.2022 ), «Тӯй дар беша» (с.2022) ва ғайра. Аксари афсонаву масалҳояшон ба забонҳои русиву англисӣ тарҷума ва нашр шуданд. Асарҳои Гулчеҳра Муҳаммадиева бо забони равон, образҳои барои кӯдакон ҷолиб ва сюжетҳои тарбиявӣ зуд ба дили хонандагон роҳ ёфтанд. Эшон нависандаи маҳбуби бачагон буданд. Дар намоишҳои китоб, махсусан ҷашнвораҳои китоби кӯдакон шоҳид будам, ки писарону духтарони мактабхон эшонро ҳалқа мекарданд ва аз эшон соядаст гирифтаву ҳамроҳашон акс мебардоштанд.
Асарҳои Гулчеҳра Муҳаммадиева аз ҷониби мутахассисон ҳам эътироф шудаанд. Соли 2017 дар Ҷашнвораи байнамилалии қиссагӯён дар шаҳри Теҳрони Эрон қиссаи “Булбул”-и эшон дар бахши адабиёти кӯдак ва навҷавон сазовори мукофоти байналмилалӣ гашт. Китобҳояш “Афсонаи товус” ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии (Китоби сол-2017), ”Яке буд, яке набуд…” (Китоби сол-2018), “Яке буд, яке набуд…”. (Китоби сол 2020), “Тӯй дар беша” (Китоби сол-2022) шуд.
Соли 2021 китоби Гулчеҳра Муҳаммадиева “Балҷувон” нашр шуд. Ин китобро нависанда ба Ватани кӯчаки аҷдодиаш, ба зодгоҳи падараш Балҷувон бахшидааст. Асар таърихиву публитсистӣ буда, аз муҳаббати воқеии нависанда ба Ватан шаҳодат медиҳад. Банда дар маросими рӯнамоии ин асар, ки дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гузашт, иштирок ва суханронӣ доштам ва дар он ҷо дар мавриди шахсият ва осори апаи Гулчеҳра баъзе нуктаҳоро гуфта будам…
Гулчеҳра Муҳаммадиева барои хизматҳои шоён бо нишони Кумитаи марказии комсомол – «Ба муаллими беҳтарини комсомол» (соли 1979 ш. Москва), медали «Хизмати шоиста» (с.2001), Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2015) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (с 2021), сарфароз гаштааст. Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданд.
Апаи Гулчеҳра инсони меҳрубону самимӣ буданд. Шояд бесабаб нест, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҷон ба ҷонофарин таслим карданд. 69-сол умр диданд. Умри кам нест, вале барои як эҷодкор хеле ва хеле кам аст. Махсусан, барои эҷодкоре чун апаи Гулчеҳра, ки дер ба кори эҷодӣ пардохтанд ва дар сина ҳарфҳои ногуфтаи зиёде доштанд… Вале чӣ илоҷ, ки аз марг касеро амон нест.
Ёди апаи меҳрубони мо ба хайр!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ