Аз маблағдуздии мард то қаллобии зан

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марди 26-соларо бо гумони дуздидани 300-доллари амрикоӣ боздошт намуданд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марди 26-соларо бо гумони дуздидани 300-доллари амрикоӣ боздошт намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Тавре манбаъ иттило медиҳад, ба мақомоти милитсия марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 11 июни соли 2019, тахминан соати 12:00-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ, аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Хонда СРВ», ки барои шустан ба нуқтаи шустушӯи автомашинаҳо, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии ноҳияи зикргардида оварда буд, 300-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини н.Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Нуқтаи мазкур бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар ҳолати коршоямӣ қаррор дорад”, — таъкид мекунад манбаъ.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, марди 29-солаи сокини шаҳри Исфара, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2018, зани 37-солаи сокини н.Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Айни замон нафари қаллоб дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти ин қазия идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.