Аз соҳили дарёи «Душанбе» ҷасади ҷавондухтаре пайдо шуд (аудио)

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз пайдо шудани ҷасади ҷавондухтаре дар соҳили дарёи “Душанбе” хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, санаи 1-уми июни соли 2022 тақрибан соати 16:00 дақиқа аз соҳили дарёи “Душанбе” воқеъ дар кӯчаи Ҳ. Шерозӣ, наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ҷасади як нафар ҷавондухтар бе аломатҳои марги маҷбурӣ ёфта шудааст.

Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки ҷасади ёфташуда шаҳрванд Ғаффорова Шаҳноза Маҳмадшоевна, соли таваллудаш 05.08.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшон мебошад.

— Мавриди зикр аст, ки номбурда санаи 26-уми майи соли ҷорӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Варзоб ғарқ шуда, то ба ин рӯз аз ҷониби кормандони милитсия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *