Сӯхтор дар бозори “Фаровон”-и Бохтар (аудио)

Дирӯз шабона дар ҶДММ “Фаровон Қӯрғонтеппа”-и шаҳри Бохтар сӯхтор сар зад. Хабарнигори Pressa.tj мегӯяд, ки қисме аз бозор тахминан аз соатҳои 22:00 ба ин сӯ ба коми оташ рафт.

Ҳоло сабаби сар задани сӯхтор маълум нест. Мошинҳои оташнишонии чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои хомӯш кардани алангаи оташ ба шаҳри Бохтар оварда шудаанд.

ҶДММ “Фаровон Қӯрғонтеппа” яке аз калонтарин бозорҳо дар шаҳри Бохтар аст, ки садҳо фурӯшанда дорад. Ба эҳтимоли зиёд, соҳибкорони бозор аз ин сӯхтор зарари зиёд дидаанд.

Шоҳидон мегӯянд, ки сӯхтор тақрибан соатҳои 3-и шаб хомӯш карда шудааст.

Феълан дар бораи талафоти ҷонӣ иттилое дастрас нест. Вале чанд нафар бо ҷароҳатҳои гуногун аллакай дар Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар бистарӣ карда шудаанд.

Хушнуд Баҳодуров, сардухтури Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки “дирӯз 9 нафарро бо ҷароҳат ва фишорбаландӣ ба беморхона оварданд. Ҳашт нафарро бадъи муолиҷа ва муътадил будани вазъи саломатияшон рухсат кардем. Вале ҳолати як нафар сокини шаҳри Бохтар — Маҳмад Сафаров ваҳим аст. 90 дарсади баданаш сӯхтааст. Ӯро аввал ба беморхонаи шаҳри Бохтар мебаранд. Аз сабаби сӯхтани қисми зиёди баданаш ва доштани ҳолати вазнин ба беморхонаи мо интиқол дода мешавад. Ҳоло дар шуъбаи эҳё бистарӣ аст ва таҳти назорати табибон қарор дорад».

Бояд гуфт, ки феълан комиссияи мухсус барои муайян кардани сабаби сӯхтор ба омӯзиш машғул аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *