Дар Хуҷанд бунёди мактаби варзиши камонварӣ оғоз гардид

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди Мактаби махсуси варзиши камонварӣ санги асос гузошта шуд.

Зимни гузоштани санги асос раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияту фаъолони шаҳр иштирок намудаанд.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои асосӣ аз аз 2 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум утоқҳои кории маъмурият, пизишкон, мураббиён, ҷойи оббозӣ, ҷойи либоскашӣ ва толори маҷлисгоҳ ҷойгир мешаванд. Дар саҳни ошёнаи якум майдони камонварии тобистона сохта хоҳад шуд.

Дар ошёнаи дуюми иншооти мазкур толори варзишӣ барои гузаронидани машқҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо аз рўи намуди камонварӣ, утоқи либоскашӣ ва утоқ барои нигоҳ доштани таҷҳизоти камонварӣ ҷойгир мешаванд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо варзишгарон изҳор доштааст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо иншооти нав бунёд мегарданд.

Изҳори боварӣ карда шудааст, ки бо фаъол гардидани мактаби варзишии камонварӣ барои тамрини наврасону ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз миёни онҳо қаҳрамонҳое чун Зебунисо Рустамова ба камол мерасанд.

— Мактаби варзишӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ варзишгоҳи бузургтарини вилоят, қасри варзишӣ, маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ, майдонҳои теннис мавҷуд буда, ташкили иншооти нави соҳаи варзиш ба рушди соҳа мусоидат менамояд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *