Афзалшо Шодиев: Маро шикастан душвор аст! (ВИДЕО)

30-сола набуд, ки бо сӯзу гудоз “ҷавонӣ рафт” мегуфт, дар домони 60 эълон кард, ки “ҷавонӣ намеравад!”. Ӯ маҳбубтарин ҳунарманди тоҷик аст. 40 сол мешавад, ки сурудҳои ӯ ҷузъе аз зиндагии мардуми мо шудааст. Оре, сухан аз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев аст, ки ҳафтаи равон 60-сола мешавад.   

Эҳтироми халқ

— Чанде пеш номи шуморо аз рӯйхати сарояндагони Наврӯзи Панҷакент ҳазф карданд. Байни мухлисонатон шуру қиём бархост. Қаблан, вақте шуморо аз роҳбарии филармония барканор карда буданд, низ чунин сарусадо шуда буд. Ин қазияҳо ба руҳияи шумо чӣ таъсир мегузоранд?

— Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон 7 сол роҳбар будам. Дар ин давра муассиса хеле обод шуд. Биноро таъмир кардем, 1000 курсии мулоими замонавӣ барои толор харидем, ки тамошобин роҳат бошад. Бомҳоро тармиму атрофи биноро пурра сангфарш намудем, фаввораҳо фаъол буданду атрофи бино чароғон. Макони сайругашти мардум шуда буд саҳни филармония. Пайиҳам консертҳо баргузор мегардиданду толорҳо пур аз тамошобин буданд. Шароити корӣ ҳам хуб буд. Албатта, ҳамаи ин бо дастгирии Пешвои миллат шуд. Вазорати корҳои дохилӣ низ хеле кумак кард. Яъне ман аз ин муассиса бо сари баланд рафтам. Пандемия сар шуд. Як сол дар хона нишастам. Боз даъват карда, чанд вазифа пешниҳод карданд. Худам Ансамбли давлатии “Сомон”-ро интихоб кардам. Ҳоло роҳбарии ин дастаи ҳунариро бар уҳда дорам. Ансамбли кӯчак бошад ҳам, корамон хуб аст. Дар масъалаи Наврӯзи Панҷакент. Парво надораму зиқ ҳам нашудам. Мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ норизоӣ карданд. Он каме ҳангома шуд. Вале барои ман ин чизҳо майда-чӯйда аст. Ин қазияҳо ба руҳи ман он қадар таъсир намегузоранд. Руҳи маро шикастан душвор аст. Муҳим, маро халқ эҳтиром мекунаду дӯст медорад. 

40 сол дар мӯд

— Ин ҳафта остонаи 60-уми умрро мекӯбед. Чӣ эҳсос доред?

— 60 синне будааст, ки инсон ба гузаштаи худ як назар карда, хулосаҳо мебарорад. Аз ин 60 сол 40 соли он дар фаъолияти эҷодӣ ва хизмати халқ сипарӣ шуд. Тамоми дунёро гаштам, ҷаҳонро дидам. Санъати тоҷикро муаррифӣ кардам. Яъне умри ман беҳуда сипарӣ нашудааст. Ифтихор мекунам, ки дар зодгоҳи Одамушшуаро Рӯдакӣ таваллуд шудаам, дар як ватани зебо, дар як сарзамини худоназаркарда, бо мардумони нек зиндагӣ мекунам. Агар Худованд умр диҳад, дар оянда низ талош хоҳам кард, ки сурудҳои нав эҷод кунам ва хизмати халқамро кунам.

— Тайи 40 соле, ки шумо рӯйи саҳна ҳастед, ба майдони ҳунари мо даҳҳо сароянда ворид шуданд, яке камистеъдод, дигаре боистеъдод ва маъруфу пурҷило. Ин сабаб шуд, ки баъзе сарояндаҳо ба қавле аз мӯд монданд. Вале Афзалшо Шодиев ҳамоно маҳбубият дорад, ҳамоно дар мӯд аст. Чӣ сирре ин ҷо ҳаст?

— Ягон сирри ниҳонӣ дар ин ҷо нест. Ҳунарманде, ки дар забони мардум ва дар дилу дидаи мардум будан мехоҳад, пайваста эҷод мекунад. Агар суруди нав, оҳанги нав, таронаи ба дили мардум наздик эҷод шавад, ҳунарманд ба дили мардум роҳ меёбад. Халқ тарозуи бузург аст. Банда аз мардуми азизи кишвар миннатдорам, ки сурудҳои маро гӯш мекунанд, ба ман эҳтиром доранд, қадр мекунанд. Ба консертҳоям меоянд, маро дастгирӣ мекунанд. Дар 40 соли фаъолияти эҷодӣ толорҳое, ки ман консерт дорам, ҳамеша пур аз тамошобин аст. Ин саодати бузурги ман аст. Мардуми манотиқи гуногуни Тоҷикистон маро фарзанди худ медононанд, дар тӯю маъракаҳояшон даъват мекунанд. Ин ифтихори ман аст. 

“Волга” ё санъат? 

— Шумо фарзанди раис, яке аз одамони номдор ва дорои водии Зарафшон ҳастед. Метавонистед роҳи дигарро интихоб карда, соҳиби обрӯ ва мансабҳо шавед. Чаро роҳи санъатро пеш гирифтед? 

— Баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллӣ, ба бахши забони арабӣ супоридам ва ба имтиҳонҳо омодагӣ мегирифтам, ки падарам аз Панҷакент омаданд. Дар чойхонаи “Роҳат” нишаста будем. Он вақтҳо он кас раиси колхози калонтарини Панҷакент ба номи “Рӯдакӣ”, узви Кумитаи Марказӣ буданд. Падар пурсиданд: “Куҷо ҳуҷҷат супоридӣ?”. Гуфтам, ки факултаи шарқшиносӣ. Он замон ин факултет хеле бообрӯ буд. Хамткунандагони он ҳатман ба хориҷи кишвар барои кор мерафтанд ва бо “Волга” бармегаштанд. “ Ман фикр кардам, ки ту ба Институти санъат ҳуҷҷат супоридаӣ… “Волга”-ро ман ба ту мехаридам…”. Вақте падар чунин гуфтанд, як рӯзи дигар вақт монда буд, рафта ҳуҷҷатҳоро гирифта ба Институти санъат ҳуҷҷат супоридам ва аз имтиҳони устодон Аҳмад Бобоқулов, Нериё Аминов, Карим Ҳалимов ва устодони бузург гузашта, донишҷӯ шудам…

— Яъне бо дахолати падар ҳунарманд шудед?

— Бале. Зеро ман аз хурдӣ шавқи эҷодкорӣ доштам. Баъди хатми синфи 8 ният кардам, ки дар риштаи рассомӣ ҳуҷҷат супорам. Коллеҷи санъат дар ноҳияи Ленин буд. Вале амакам Холмурод Шарифов тавсия доданд, ки мактабро хатм кунам ва ба Инстиути санъат, ки нав кушода шудааст, ҳуҷҷат супорам. Розӣ шуда, ба Панҷакент баргаштам. Вале дар байн ҷӯраҳо ангеза доданд, ки шарқшинос шавем. Аммо дар тақдири ман санъат будааст. 

Мактаби Ҷӯрабек Муродов

— Имрӯз ҳунарманди дурахшоне чун шуморо дида, тасаввур кардан душвор аст, ки як замон сарояндаи хор будед…

— Бале. Баъди хатми институт дар мактабҳои 53, 67 ва 110 муаллим будам. Вале кори асосии ман сарояндаи хор дар Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ буд. Баъдан, як сол дар Ансамбли халқии назди театр ҳамроҳи Саломат Қобилова ва Рустамбек Ботуров кор кардам. Соли 1984 дар толори Филармония (ҳоло “Сафина”) санаи 8-9-уми январ, 2 рӯз консерт додам. Толор пур буд. Баъди ин маро ба филармония даъват карданд. Нахуст дар ансамбли рубобчизанҳо, муддате дар дастаи ҳунарии устод Зафар Нозим ва баъдан солиёни зиёд бо устод Ҷӯрабек Муродов кор кардам.

— Шумо бо ифтихор худро шогирди Ҷӯрабек Муродов мегӯед. Шиносоиятон аз кай оғоз шуд ва нақши эшон дар сарнавишти шумо чӣ гуна аст?

— Солҳои 1975-76 устод дар Панҷакент консерт доштанд. Шаб баъди барнома меҳмони хонаи мо шуданд. Вақти зиёфат падарам гуфтанд, ки писари ман ба сарояндагӣ завқ дорад ва иҷозат пурсиданд, ки як суруд хонам. Ҳамон солҳо дар оҳанги “Нигори турку тоҷикам”-и устод шеъри “Туро эй кӯчаи Ленин”-ро монда, дар маҳфилҳо месароидам. Вақте ин сурудро хондам, устод гуфтанд: “Ин дар оянда шогирди ман мешавад!”. Ҳамин тавр, тақдир будаасту мо аз ин мактаб гузаштем. Нақши устод дар сарнавишти ман хеле бузург аст. Дар аввали консертҳои устод ман 4 суруд мехондам. Ҳамин аст, ки маро халқ зуд шинохт. Ин хизмати устод аст. Ҳар чӣ дар санъат ёфтам, аз баракати мактаби устодонам аст.

Дардномаҳои Афзалшо

— Аввалин суруде, ки шуморо машҳур кард, кадом буд?

— “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад”. Шеъри шодравон Гулназар.

— Шумо яке аз он сарояндагоне ҳастед, ки бештари сурудҳоятон дарднома ҳастанд: дарди инсон, дарди миллат, дарди башар.  Решаи ин дард аз куҷост?

— Охири солҳои 80-ум вақте барои дифои забону фарҳанг ҳаракатҳои миллӣ оғоз шуд, банда ба хондани сурудҳои миллатдӯстӣ оғоз кардам. Ҳамон солҳо “Забонгумкарда”, “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад” ва дар оғози солҳои 90-ум “Тоҷикистонро дигар қисмат макун” барин сурудҳоро месароидам. Ин сурудҳо дарди замон, дарди ҳазорон тоҷикро бозгӯӣ мекарданд. Бинобар ин, вирди забонҳо буданд. Баъдан маро маънисаро ҳам гуфтанд. Вале ман ифтихор мекунам, ки баъди ман дигар ҳофизон ҳам чунин сурудҳоро хонданд, яъне пайроҳаи ман роҳ шуд.

— Умуман, шумо матни сурудро чӣ гуна интихоб мекунед ва барои эҷоди як суруд чӣ қадар вақт сарф мешавад?

— Як бор шеърро мехонам, агар ба дилам нишаст, медонам, ки ба мардум маъқул мешавад. Ҳеҷ гоҳ суруди фармоишӣ нахондаам. Вақте матнро интихоб мекунам, худованд илҳом медиҳад ва оҳангашро ҳам зуд менависам. Барои мисол шеъри “Ҳасрат” — “Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ” ё “Сӯзи дилам нест”-ро, ки ҳар ду ба қалами устод Лоиқ тааллуқ доранд, дар як шаб оҳанг бастаам. “Ҷавонӣ рафт”-ро бошад, чандин моҳ кор кардем. 5-6 хел оҳанг бастам, вале ба устод Лоиқ маъқул нашуд. “Намешавад!” мегуфтанд. Як шаб дар хонаи як дӯстам бо тори туркӣ, ки оҳангаш хеле ширин буд, бо оҳанги имрӯза хондам. “Мешавад! Сабт кун!”,- гуфтанд устод. Ва дар ҳақиқат ин суруд ба дили мухлисон роҳ ёфт. Ҳамин тавр, аксари ғазалҳои шоирони классик ва муосирро интихобан мегирам ва болои оҳангашон кор кардаву месароям.

— Бисёриҳо шояд надонанд, ки шумо худатон ҳам шеър менависед…

— Бале, аммо даъвои шоирӣ надорам. Кам-кам эҷод кардаву оҳанг бастаам. Яке аз онҳо машҳур аст:

Гар мӯи саре аз сари мо канда шавад,

Зери қадами ҳазору як банда шавад.

Ин риштаи умри мо ки тори мӯест,

Бо амри Худо шавад, агар канда шавад.

Сарояндаи Лоиқ

— Шумо беш аз ҳама аз эҷодиёти устод Лоиқ Шералӣ суруд хондаед. Шиносоии шумо аз кай оғоз шуд?

— Устод солҳои 70 вақте ба деҳа меомаданд, мо аз пушти “Волга”-ашон давида то пушти хонашон мерафтем. Савғотиҳояшонро аз мошин фароварда, мегуфтем: “Шумо бо модар суҳбат карда шинетон, мо мошини шуморо мешӯем”. Баъдан ҳамроҳи ҷӯраҳо мошини устодро мешустем. Баъди ин, устод моро ба “Волга” савор карда, гирди қишлоқро давр мезанониданд. Ҳамин тавр, устодро аз кӯдакиҳоям медонистам. Вақте ба Душанбе омадам, қарин шудем. Он кас маро ба писархондӣ пазируфтанд. Хизматашонро ҳамеша мекардам.

— Вақте шеърашонро оҳанг мебастед, назарашонро мепурсидед?

— Бале. Аввал эшон гӯш мекарданд. Агар иҷозат медоданд, баъдан сабт мекардам.

— Кадом сурудро дӯст медоштанд?

— “Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ”-ро вақте мехондам, гиря мекарданд. 

— Чанд суруди устодро хондед?

— Хеле зиёд. Тахмин 150 суруд аз эшон хондаам. 

— “Ҷавонӣ рафт”-ро аз кадом сол месароед?

— Аз соли 1988.

— Яъне беш аз 30 сол. Ба дилатон назад?

— Рости гап, ман ҳам намехоҳам, ки фақат ҳамин сурудро сароям, вале мардум талаб мекунад. Чорабинӣ ё консерте нест, ки ин сурудро насароям. Барои мисол, ҳафтаи гузашта консерти шогирдонам Алишер Қаноатзода ва Гулпарӣ Орифова буд. Ба табрики онҳо рӯйи саҳна баромадам. Аз толор мардум “Ҷавонӣ рафт” гӯён, маҷбур карданд, ки ин сурудро хонам. Гарчанде консерти ман набуд, вале маҷбур шудам, ки онро сароям. Ҳамин тавр, дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон, дар Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон, миёни тоҷикони Қирғизистон, дар Русия, Исроил ва Амрико вақте ба саҳна мебароям, аз толор ин сурудро талаб мекунанду ман мехонам…

Шӯхӣ бо ҳамкасбон

— Шумо яке аз беҳтарин гӯяндагони латифа ҳастед. Илова бар ин, дар сафарҳо бо ҳамкасбонатон зиёд шӯхӣ мекунед. Мехоҳем шаммае аз он хотирот нақл кунед.

— Ҳаҷв умри одамро дароз мекунад. Ман бо ҳаҷвнигорон дӯстӣ дорам. Бо Усто ва Масто ҳамкор будам. Бо Убайдулло Раҷаб ва Аловиддин Абдуллоев дӯстӣ доштам. Баъзе аз лаҳзаҳоро нақл мекунам.

Шиму костюми нав ба Ҷӯрабек Муродов

— Соли нахустини корам бо устод Ҷӯрабек Муродов буд. Он солҳо дар  донишгоҳи кишоварзӣ як ошхонаи хуб буд. Гоҳо тӯю маъракаҳо ҳам дар он ҷо баргузор мешуданд. Қабл аз маърака бо устод он ҷо рафтем. Каллапоча оварданд. Табақро ба устод наздик кунам гуфта, онро ба болои шими устод чаппа кардам. Бо салфетка тоза карданӣ шудам, ки салфетка часпиду шим тамоман расво шуд. Табъи устод хира шуд.

“Устод, парво накунед, хезед, ба пушт гузашта шинед, дар байни 10 дақиқа ба шумо шиму костюми нав меорам, фақат асабӣ нашавед” гуфтам. Хонаи устод дар паҳлуи институт буд. Давида рафтам.  Ҳалима ном ҷиянашон бо онҳо зиндагӣ мекард. “Ҳалимаҷон, устод гуфтанд, ки дар ҷевон костюму шими нав доштаанд, ҳамонро диҳед” гуфтам. Вай ҳам даррав бароварда дод. Гирифта овардам. Устод пӯшида, “ин чени худам будааст” гуфта, хурсанд шуданд. Тӯй нағз гузашту устодро то хонаашон гусел кардам…

Туҳфа ба Қурбоналӣ Раҳмон

— Боре ба Британияи Кабир сафари ҳунарӣ рафтем. Дар оғози сафар ба ҳар яки мо 400 фунт стерлинг пул доданд. Ману раҳматии Қурбоналӣ Раҳмон дар як ошёна, дар ҳуҷраҳои ҳамсоя меистодем. Як вақт Миралӣ Достиев, ки роҳбари ҳайат буданд, маро ҷеғ зада гуфтанд: “Қарор шуд, ки ба шумо 100 фунт стерлингии дигар пул диҳем”. Ва пули худаму акаи Қурбоналиро ба ман доданд, ки расонам. Ба назди акаи Қурбоналӣ омада, пурсидам: “Ака, шумо гонорар гирифтед?”. “Ҳа 400 фунт стерлинг гирифтам” гуфтанд. “Мана ин 100 фунт стерлинги дигар аз номи ман, ба набераҳо туҳфа харед” гуфта, пулро дароз кардам. “Не, Афзалшоҷон, дар мусофират ба ҳама пул лозим, намегирам”,- гуфт худораҳматӣ. Маҷбур карда пулро додам. Акаи Қурбоналӣ пулро гирифта, дуо доданд. Димоғашон чоқ шуд. Рӯзи дигар Достиев мепурсанд, ки пулро гирифтед, ба дасти Афзалшо фиристода будам? Акаи Қурбоналӣ аз асли гап бохабар мешаванд. Маро дида, гуфтанд: “Сағера, бепул дуо гирифтӣ а?”. “Ака як лаҳза шумо шод шудед, инашро фикр намекунед?”,- гуфтам ман.

Сюрпризи Файзалӣ Ҳасан

— Бо устод Файзалӣ Ҳасан солиёни зиёд аст, ки шинос ҳастем. Ҳам шӯх, ҳам шӯхибардор ҳастанд. Як одами самимӣ ва ҳалол. Эшонро борҳо шӯхӣ кардаам, вале як бор маро боб карданд. Дар Боғи Ирам будем. Кадом чорабинӣ буд. Файзалӣ Ҳасан аз анбуҳи одамон ҷудо шуда, дар хараке мешинанд, ки костюму шими навашон мечаспад. Харак нав ранг карда шуда будааст. Ором мешинанд. Ман он рӯз шиму костюми сафеди нав пӯшидагӣ. Аз одамон ҷудо шуда, назди акаи Файзалӣ омадам. “Э, Афзалшоҷон, бачаи зӯрӣ, хаста шудӣ, шин ин ҷо…”,- гуфтанд чун ҳамешагӣ. Ман ҳам худамро ба харак партофта, баҳазур такя задам, ки шиму костюми ман ҳам часпид. “Ана акнун ба ҳардумон шиму костюм мехарӣ” гуфтанд.

Давоми умр

— Бисёре аз ҳунармандон худро шогирди шумо мегӯянд. Киҳо ҳастанд шогирдони арзандаи шумо?

— Шогирдони беҳтаринам ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Баҳрулло Абдуллоев ва Қобилҷон Зарифов. Орзугул Хуҷамова, Зокирҷон Обидов, Шаҳзоди Даврон, Эркин Одинаев, Дамирбек Олимови худораҳматӣ, Суҳроби Маҳмуд Олими Маҳмуд, Ҷонибеки Мурод, Зикриоллоҳи Ҳаким, Сангалӣ Мирзоев ҳам додаронам ҳастанду ҳам шогирдонам. Бо онҳо мефахарам.

— То имрӯз чанд суруд эҷод ва иҷро кардед?

— Қариб 350-360 оҳанг худам эҷод кардаам ва беш аз 100 оҳанги композиторони дигарро сароидаам. Оҳангҳои маро, хушбахтона, ҳунармандони дигар мехонанд. 

— Дар фароварди суҳбат аз оилаву фарзандонатон бигӯед.

— Хушбахтона, бо ҳамсарам Муҳтарам оилаи обод дорем. Писаронам Шервонҷон, Ҷовидонҷон бо келинҳо ва духтарам Рахшонҷон бо домодам дар Амрико зиндагӣ мекунанд. Фарзандони ман литсейи президентиро хатм карда, аввал ҳамин ҷо ба донишгоҳҳои кишвар дохил шуда, баъдан таҳсилашонро дар Амрико идома доданд ва ҳамон ҷо монданд. Лекин ҳамавақт омода ҳастанд, ки ба Ватан баргарданд ва хизмати халқро кунанд. Фарзанди дигарам Султонҷон дар ҳамин ҷо донишгоҳро хатм карда, кор карда истодааст. Барноҷон коллеҷи рассомӣ ва донишгоҳро хатм кард. Рассоми моҳир аст. Шаҳромҷон Институти санъати Қазонро хатм карда, ба Ватан омад. Як муддат дар Театри русии ба номи Маяковский фаъолият дошт. Ҳоло дар дигар соҳа кор мекунад. Ман аз фарзандонам розӣ ҳастам. Худо умрашонро дароз кунад. Ҳоло набераҳо ба воя мерасанд, ки давоми умри мо ҳастанд.

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *