Аз таваллудхонаи №1-и Душанбе кӯдак бедарак шуд
Шаби 11 ба 12-уми октябр, тақрибан соати як аз таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе як кӯдаки навзод бедарак шудааст.
Ба гуфтаи наздикони навзод, Мавзуна Акрамоваи 19-сола, сокини ноҳияи Нуробод рӯзи 11-уми октябр тақрибан соати 10:00 фарзанди нахустини худро солим ба дунё овардааст, вале тақрибан соати 1-и шаб кӯдак бедарак шудааст.
Хешовандони модари кӯдак мегӯянд, ки кормандони милиса ба ҷустуҷӯи кӯдак машғуланд ва ба гуфтаи онҳо, мақомот то ҳол беш аз 15 нафарро ба бозпурсӣ бурдаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ