«Тоҷикистон аз манӣ» ва садои мондагори Парда Қосим (видео)
Имрӯз,13 октябр зодрӯзи Парда Қосим, ҳунарманде, ки садояш дар хотири мардум мондааст. Агар умр вафо мекард, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Парда Қосим ба синни 79 мерасид.
Парда Қосим 13 октябри соли 1947 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Ӯ пас аз хатми омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоӣ беш аз се даҳсола ҳамчун сароянда ва роҳбари бадеии ансамблҳои ҳунарӣ фаъолият кард. Аз соли 1998 низ бо ансамбли машҳури «Лола» ҳамкорӣ дошт.
Парда Қосим бо садои хос, тарзи иҷрои самимӣ ва интихоби хуби шеър дар байни мардум маҳбубият пайдо кард. Дар барномаи ҳунарии ӯ ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик, таронаҳои мардумӣ ва оҳангҳои халқҳои гуногуни Машриқ ҷой доштанд. Ӯ ба забонҳои ӯзбекӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва русӣ низ суруд мехонд.
Парда Қосим соли 1990 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2001 соҳиби унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон гардид.
Ӯ 21 июни соли 2024 дар синни 76-солагӣ дар Душанбе аз олам гузашт ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ