Дар Шаҳринав Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии КҲФ ба истифода дода шуд

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Шаҳринав сафар кард. Боздиди Сарвари давлат аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оғоз гардид.

Дар марказ нахуст Кохи наҷот ифтитоҳ шуд. Иншооти дуошёна дорои толори маҷлис барои 366 ҷойи нишаст, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, барои баргузории ҷаласаҳо, машғулиятҳои таълимию методӣ ва чорабиниҳои соҳавӣ пешбинӣ шудааст.

Сипас, Президенти кишвар 16 иншооти муҳими дигари марказро тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор дод. Аз ҷумла, маркази таълимию кинологӣ, маркази идоракунии машқгоҳ, машқгоҳи таълимию амалӣ барои наҷотдиҳандагон, паноҳгоҳи мудофиаи гражданӣ, шаҳраки муваққатӣ барои зарардидагон аз офатҳои табиӣ, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, варзишгоҳ, ҳаммом ва дигар иншоот ба истифода дода шуданд.

Маркази таълимию кинологӣ дорои 12 ҳуҷраи корӣ ва синфхонаҳои омӯзишӣ, 10 сагхона ва 10 ҳуҷраи махсус барои кинологон мебошад. Ҳамчунин, дар ҳудуди марказ панҷ синфхонаи таълимии саҳроӣ ташкил шудааст, ки метавонанд дар як вақт 300 нафарро ба омӯзиш фаро гиранд.

Яке аз иншооти муҳими марказ машқгоҳи таълимию амалии наҷотдиҳандагон мебошад. Он дар масоҳати беш аз 10 гектар бунёд гардида, аз 20 марҳилаи омӯзишӣ барои омодагӣ ба ҳолатҳои гуногуни офатҳои табиӣ иборат аст. Дар ҳамин машқгоҳ бо иштироки наҷотдиҳандагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон ва Русия низ машқҳои муштарак баргузор шудаанд.

Дар марказ шаҳраки муваққатӣ барои ҷойгиркунии аҳолии аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода зарардида низ сохта шудааст. Шаҳрак дар масоҳати 1 гектар бунёд гардида, дорои 68 хайма барои 800 нафар, шифохонаи саҳроӣ, ошхона барои 800 нафар ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.

Хобгоҳи асосии марказ дорои 600 кати хоб, 15 ҳуҷраи корӣ ва 6 синфхонаи таълимӣ мебошад. Дар паҳлуи он ошхона барои 300 нафар ва бунгоҳи тиббӣ бо 14 кат бунёд шудааст. Ҳамчунин, барои дастурдиҳандагон ва наҷотдиҳандагони миллӣ ва хориҷӣ хобгоҳи алоҳида бо 17 ҳуҷра ва 80 ҷойи хоб сохта шудааст.

Бинои нави таълимӣ аз 20 ҳуҷраи муҷаҳҳаз иборат буда, дар он синфхонаҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, ёрии аввалияи тиббӣ, омодагии техногенӣ ва кӯҳнавардӣ, воситаҳои алоқа, мудофиаи гражданӣ, равоншиносӣ ва китобхонаи электронӣ ҷойгир шудаанд.

Президенти кишвар ҳамчунин бо фаъолияти бинои омодасозии ғаввосон шинос шуд. Дар он ду ҳавзи шиноварӣ бо умқи 4,8 ва 15 метр, се синфхонаи таълимӣ ва тамринӣ, маҷлисгоҳ барои 20 нафар ва таҷҳизоти махсуси ғаввосӣ мавҷуд аст. Ин бино нахустин иншооти махсуси омодасозии ғаввосон бо чунин имконоти муосир дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Дар анҷоми боздид Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни тамрини махсуси «Скала-2026»-ро, ки бо иштироки воҳидҳои наҷотдиҳии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Русия баргузор гардид, мушоҳида кард. Машқ ба бартараф намудани оқибатҳои заминларзаи харобиовар ва ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ бахшида шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *