Форуми шашрӯзаи байналмилалӣ дар Душанбе. Аз сайёҳӣ то ҳифзи мероси фарҳангӣ
13 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид. Ин ҳамоиши шашрӯза ҳудуди 2000 намояндаи беш аз 60 кишварро муттаҳид намуда, ба рушди сайёҳии устувор, ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва ҷалби сармоягузорӣ бахшида шудааст.
Пеш аз оғози маросими ифтитоҳи расмии форум дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон б иштирокчиёну меҳмонон аз намоишгоҳи идонаи «Шукӯҳи Меҳргон» боздид карданд.


Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки рушди сайёҳӣ, муаррифии таъриху тамаддуни тоҷикон, эҳёи ҷашну анъанаҳои бостонӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.




Ба гуфтаи ӯ, баргузории форум дар арафаи ҷашни Меҳргон рамзӣ буда, арзишҳои ин ҷашни бостонӣ – арҷгузорӣ ба заҳмати инсон, замину об, дӯстӣ ва ҳамзистии созанда бо табиат бо ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор ҳамоҳанг мебошанд.
Зикр гардид, ки соли 2024 Меҳргон бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Эрон ба Феҳристи намояндагии мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд. Ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳ муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода ва директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар форум намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ иштирок доранд. Аз ҷумла, намояндагони донишгоҳу муассисаҳои илмии Баҳрайн, Покистон, Россия ва Ӯзбекистон, инчунин шоир ва тарҷумони финландӣ Киамарс Бағбонӣ дар маросими ифтитоҳ сухан гуфтанд.
Ба иттилои созмондиҳандагон, форум ба таҳкими ҳамкориҳо дар се самти асосӣ равона шудааст: рушди шабакаҳои илмӣ ва академӣ ва роҳандозии таҳқиқоти муштарак, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ, инчунин ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ барои ҳифз, омӯзиш, рақамикунонӣ ва муаррифии мероси табиию фарҳангӣ.
Интизор меравад, ки дар доираи форум масъалаҳои рушди сайёҳии устувор, истифодаи самараноки мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди иқтисоди сабз ва нақши донишгоҳҳо дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ баррасӣ шаванд.
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» аз 13 то 18 октябр идома карда, барномаи он зиёда аз 20 чорабиниро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, дар форум ҳудуди 2000 намояндаи беш аз 60 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
Ҳадафи асосии ҳамоиш муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, табиати нотакрор ва имкониятҳои васеи рушди сайёҳии устувор арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ