Чин аз нигоҳи дипломати тоҷик. Китоби нави Рашид Олимов ба нашр расид
Дар нашриёти «Весь Мир» китоби нави Рашид Олимов таҳти унвони «Молчание двух великанов. Китайский блокнот таджикского дипломата» («Сукути ду бузургҷусса. Дафтари чинии дипломати тоҷик») ба нашр расид. Китоб бо ду забон – русӣ ва чинӣ омода шуда, маҷмуаи эссеҳои муаллифро дар бораи Чин фаро мегирад.
Қайдҳои дипломатӣ
Асоси китобро силсиланавиштаҳои «Китайский блокнот» ташкил медиҳанд, ки қаблан дар портали таҳлилии «Евразия сегодня» нашр шуда буданд. Дар ин навиштаҳо таҷрибаи дипломатии муаллиф бо мушоҳидаҳои рӯзмарра, хотираҳои сафар, мулоқотҳо ва андешаҳои фалсафӣ дар бораи Чин пайваст шудаанд.
Рашид Олимов, доктори илмҳои сиёсӣ, дипломати собиқадори тоҷик ва сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои 2005-2015 аст. Ӯ ҳамчунин солҳои 2016-2018 вазифаи Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дошт ва ҳоло профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон мебошад. Рашид Олимов ҳамзамон узви ҳайати байналмилалии таҳририяи нашрияи «За рубежом» аст.

Чин аз чашми дипломати тоҷик
Китоб танҳо маҷмуаи хотираҳои дипломатӣ нест. Муаллиф аз рӯйдодҳои хурд ва ҷузъиёти одии зиндагӣ – анъанаи чойнӯшӣ, роҳҳо, дарахтон, хислати мардум, осорхонаҳо, ривоятҳои мардумӣ то мавзуъҳои бузурги тамаддунӣ мерасад.
Дар паси чунин ҷузъиёти рӯзмарра андешаҳо дар бораи таърих ва хотираи фарҳангии Чин, муносибати мардум ба вақт, суннат, тағйирот, масъулият ва ҳамзистии фарҳангҳо матраҳ мешаванд.
Худи муаллиф таъкид мекунад, ки ҳар қадар бештар Чинро шинохтааст, ҳамон қадар дарк кардааст, ки паҳлуҳои ношинохтаи он ҳанӯз хеле зиёданд.
«Ҳар қадар бештар ба Чин менигаристам, ҳамон қадар мефаҳмидам, ки чӣ қадар ношинохта боқӣ мондааст. Таърих, фарҳанг, тарзи тафаккур ва зиндагии ҳаррӯза пайваста паҳлуҳои навро мекушоданд ва робитаҳои зиёди ошкору пинҳонро миёни тамаддунҳои ҳамсоя нишон медоданд» – навиштааст Рашид Олимов.
Ба гуфтаи ӯ, ин китоб на барои он навишта шудааст, ки гӯё гуфтугӯи ӯ бо Чин ба анҷом расида бошад. Баръакс, муаллиф мехостааст он чизеро, ки дар солҳои тӯлонии иртибот бо ин кишвар дида ва эҳсос кардааст, сабт намояд.
Аз Конфутсий то Вэнчуан
Дар китоб мавзуъҳои гуногун матраҳ шудаанд. Муаллиф дар бораи рамзи аждаҳои чинӣ, шаҳри Қуфу – зодгоҳи Конфутсий, кӯҳи муқаддаси Тайшан, фарҳанги чойхонаҳо, хотираи мардумӣ, заминларзаи Вэнчуан, дӯстии Тоҷикистону Чин ва фазои ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай менависад.
Дар ин очеркҳо таҷрибаи шахсии дипломат бо андешаҳо дар бораи сарнавишти Чин, Осиёи Марказӣ ва умуман минтақаи Авруосиё пайваст мешавад.
Ҷойи вижа дар китобро тасвирҳои аслии рассоми маъруфи чинӣ Фэн Ишу ишғол мекунанд. Ин тасвирҳо ба матн хусусияти бадеӣ бахшида, муҳити фарҳангии навиштаҳоро пурратар месозанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ