Ҳушдори Агентии обуҳавошиносӣ аз омадани сел
Рӯзҳои 13 -14 октябр дар бархе минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон эҳтимоли омадани сел пешбинӣ мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, хатари селфароӣ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистонӣ ва доманакӯҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вуҷуд дорад.
Гуфта мешавад, ки сабаби эҳтимоли сар задани сел боришоти маҳаллӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ мебошад.
Дар робита ба ин, аз сокинон ва меҳмонони минтақаҳои зикршуда даъват шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ, наздикии дарёву селроҳаҳо ва мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд ва тағйироти вазъи обу ҳаворо пайгирӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ