Дар чанд кӯчаи Душанбе барқро муваққатан қатъ мекунанд
Имрӯз, 13 октябр, дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе аз соати 09:00 то 17:00 эҳтимоли қатъи муваққатии нерӯи барқ вуҷуд дорад. Ин тадбир ба корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон вобаста аст.
Дар ин бора филиали «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и пойтахт хабар додааст.
Ноҳияи Исмоили Сомонӣ:
– кӯчаи Умари Хайём, хонаи №6;
– маҳаллаҳои Сурхоб, Зафаробод ва Зайнаббибӣ.
Ноҳияи Сино:
– кӯчаҳои Нусратулло Махсум, Зарафшон, Испечак, Қазоқон ва Зафар.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҷараёни корҳои таъмирӣ, интиқоли барқ дар баъзе қитъаҳо метавонад пеш аз муҳлати зикршуда барқарор карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ