5 хабари муҳими варзишии ҳафта аз Pressa.tj (видео)

Якум. Дар Тоҷикистон бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё миёни футболбоздухтарони то 17-сола дар гурӯҳи «А» баргузор шуданд. Дар ин гурӯҳ дар баробари Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат карданд.

Дастаи Тоҷикистон бо Урдун 1:1 мусовӣ карда, аз Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:6 шикаст хӯрд. Аммо дар бозии охир футболбоздухтарони тоҷик ҳамаро ба ҳайрат гузоштанд. Шогирдони Фарҳод Холбеков ба дарвозаи Имороти Муттаҳидаи Араб панҷ голи беҷавоб зада, бо 4 имтиёз дар гурӯҳ мақоми дуюмро соҳиб шуданд. Аз ин гурӯҳ танҳо Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Дуюм. Дар шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор шуд. Дар он дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд барои ҷом рақобат карданд. Душанбегиҳо то дақиқаҳои охири бозӣ бо ҳисоби 2:1 пешсаф буданд, аммо бозигарони «Сипар» ду голи пайиҳам зада, пирӯзиро ба даст оварданд. Ҳамин тавр, «Сипар»-и Хуҷанд соҳиби Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардид.

Сеюм. Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа панҷ гӯштингир – Лоиқ Қутбиддинов, Эмомалӣ Нуралӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов, Муҳиддин Асадуллозода ва Мадина Қурбонзода намояндагӣ карданд. Мутаассифона, мунтахаби Тоҷикистон аз чемпионати ҷаҳон бе медал баргашт.

Чаҳорум. Муҳаммад Наимов, размкори тоҷик, пас аз анҷоми қарордодаш аз рӯйхати размкорони UFC хориҷ карда шуд. Ӯ дар ин созмон ҳашт рақобат анҷом дода, дар панҷтои он пирӯз шудааст. Ҳоло аз Тоҷикистон Муин Ғафуров ва Нурулло Алиев дар UFC боқӣ мондаанд.

Панҷум. Лионел Месси, сарвони тими миллии Аргентина, корномаи худро дар ҳайати дастаи мунтахаб ба анҷом расонид. Дар бозӣ бо тими Бенин ӯ як гол зада, ду партофти головар анҷом дод. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, маросими хайрбоди ӯро 3,1 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон тамошо кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *