Муҳаммад Наимов дигар дар феҳристи UFC нест
Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов аз рӯйхати расмии варзишгарони Созмони ҳунарҳои размии омехта (UFC) хориҷ шудааст. Ба иттилои расонаҳои варзишӣ, ин тағйирот аз 9 октябр эътибор пайдо кардааст.
Наимов ҳунарнамоии худро дар ин созмон бо панҷ пирӯзии пайдарпай оғоз карда буд. Аммо дар ду муҳорибаи охираш шикаст хӯрд.
Ин натиҷаҳо яке аз сабабҳои эҳтимолии хориҷ шудани ӯ аз феҳристи UFC арзёбӣ мешаванд.
Размикори тоҷик фаъолияти худро дар ин созмон бо омори 5 пирӯзӣ ва 3 бохт ба анҷом мерасонад. Натиҷаи умумии ҳунарнамоии касбии ӯ бошад, 13 ғалаба ва 5 шикаст аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ