Чӣ гуна як рамзи QR метавонад ҷойи терминал ва интиқоли пул ба рақами телефонро гирад?

Авҷи кор аст. Дар назди хазинаи мағоза ё қаҳвахонаи шумо навбат пайдо шудааст. Харидор мехоҳад пардохтро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳад. Хазинадор ба варақаи чопшуда ишора карда мегӯяд: «Агар муштарии бонки А бошед, ба ин рақам гузаронед, агар аз бонки дигар бошед, ба рақами дигар».

Мизоҷ рақами нуҳрақамаи телефонро дастӣ ворид мекунад, мунтазири паёмаки тасдиқ мемонад ва гоҳе ҳангоми ворид кардани рақам иштибоҳ ҳам рух медиҳад. Навбат бетоқат мешавад ва вақт аз даст меравад.

Лавҳаҳои бонкҳои гуногун ва коғазҳои дастнавис дар назди хазинаҳо тадриҷан ба яке аз мушкилоти амалиёти ҳаррӯзаи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон табдил меёбанд. Бо афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ миқёси ин масъала низ бештар мешавад.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, то нимаи соли 2026 ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ барои молу хизматрасониҳо дар кишвар ба 41 дарсад расида, ҳаҷми чунин амалиётҳо қариб ду баробар – 97,6 дарсад афзоиш ёфтааст. Бозори Тоҷикистон марҳилаи истифодаи васеи терминалҳои бузургҳаҷми кортиро то андозае канор гузошта, ба иқтисодиёти телефонҳои ҳушманд рӯ овардааст.

Омори танзимгар низ ин равандро нишон медиҳад. Айни замон дар кишвар 9 425 POS-терминали маъмулӣ мавҷуд буда, шумораи QR-рамзҳои насбшуда ба 33 620 адад расидааст.

Соҳибкорон QR-рамзро тақрибан 3,5 маротиба бештар интихоб мекунанд. Сабаб равшан аст: омода кардани барчасп хароҷоти зиёд надорад, онро дар чанд дақиқа дар нуқтаи савдо насб кардан мумкин аст ва ба неруи барқ ниёз надорад.

Аммо рушди босуръати QR-пардохтҳо як паҳлӯи дигари масъала – бенизомӣ дар пештахтаҳоро низ ба миён овардааст. Ҳар як бонк метавонад QR-рамзи худро дошта бошад. Дар як хазина баъзан якбора чанд барчаспи бонкҳои гуногун гузошта мешавад ва маблағҳо ба низомҳои бонкии гуногун ворид мегарданд. Ин ҳолат метавонад кори муҳосиботро ҳангоми ҷамъбасти амалиёти рӯзона мушкилтар созад.

Як рамз ба ҷойи чанд барчасп

Роҳи ҳалли ин масъала – QR-и ягона мебошад.

Ин як барчаспи ҳушманди универсалӣ аст, ки тавассути барномаҳои бонкҳои ватанӣ хонда мешавад. Ғояи муттаҳидсозии QR-пардохтҳо нав нест: чунин низомҳо дар кишварҳои гуногун истифода мешаванд ва имкон медиҳанд, ки шумораи зиёди лавҳаю барчаспҳои бонкӣ аз пештахтаҳо бардошта шавад.

Тиҷорат дар Душанбе ва минтақаҳои кишвар дигар намехоҳад вақти худро барои ворид кардани рақамҳои телефон ва интиқоли дастии маблағ сарф кунад.

Маҳз бо ҳамин мақсад ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» (БРТ) барномаи гузариши нуқтаҳои савдо ба QR-и ягонаро роҳандозӣ кардааст. Ин на танҳо иваз кардани як барчасп бо барчаспи дигар, балки муносибати нав ба хизматрасонии пардохтӣ ва эквайринг мебошад.

Эквайринги шаффоф ва насби ройгон

Бонк хароҷоти омодасозӣ ва насби QR-и ягонаро дар нуқтаи савдои шумо ба уҳда мегирад. Соҳибкор танҳо барои амалиётҳои бомуваффақият ҳаққи хизматрасонии муайяншударо пардохт мекунад. Андозаи он бидуни пардохтҳои пинҳонӣ дар шартнома нишон дода мешавад.

Назорати пурра тавассути интернет-банкинг

Дигар зарурате нест, ки барои тасдиқи пардохт ба телефони хазинадор нигоҳ кунед ё паёмаки бонкиро ҷустуҷӯ намоед. Роҳбар ва муҳосиб метавонанд ҷараёни амалиётҳои пардохтиро дар вақти воқеӣ тавассути интернет-банкинги корпоративии БРТ назорат кунанд.

Воридшавии босуръати маблағ ба суратҳисоб

Дар тиҷорат суръати гардиши маблағ аҳамияти калон дорад. Пардохтҳое, ки тавассути QR-и ягона анҷом дода мешаванд, ҳарчи зудтар ба суратҳисоби соҳибкор ворид гардида, ба нигоҳ доштани пардохтпазирии ширкат мусоидат мекунанд.

Хизматрасонии инфиродӣ

Барои пайвастшавӣ ба соҳибкор мутахассиси масъули рушди тиҷорат кумак мерасонад. Ӯ метавонад ба нуқтаи савдо ҳозир шуда, низомро танзим ва тарзи истифодаи онро ба кормандон шарҳ диҳад.

Интихоб миёни чанд рақам ва як QR

Бозор аллакай ба пардохтҳои ғайринақдӣ рӯ овардааст ва фарқи шумораи нуқтаҳои дорои QR-рамз ва терминалҳои маъмулӣ босуръат меафзояд.

Имрӯз барои соҳибкор саволи асосӣ дигар ин нест, ки «ба пардохти ғайринақдӣ гузарем ё не?». Савол ин аст, ки дар назди хазинаи ӯ чӣ қарор хоҳад гирифт: чанд рақами телефон ва барчаспи гуногун ё як QR-рамзи ягона ва ҳушманд.

Хазинаи худро аз лавҳаю барчаспҳои зиёдатӣ озод кунед ва раванди хизматрасонӣ ба мизоҷонро суръат бахшед.

Барои пайвастшавии ройгон ба QR-и ягонаи ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» метавонед дар сомонаи www.brt.tj дархост гузоред ё барои гирифтани маълумоти бештар бо мутахассисони бонк тавассути рақами кӯтоҳи 177 дар тамос шавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *