Рустам Шукуров – фарзанди академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва донишманди ҷаҳонӣ (видео)

Имрӯз Рустам Шукуров, таърихнигор, эроншинос ва туркшиноси маъруф 65-сола шуд.

Рустам Шукуров 12 октябри соли 1961 дар шаҳри Душанбе, дар яке аз хонаводаҳои маъруфи илму адаби тоҷик ба дунё омадааст.

Падари ӯ академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, яке аз чеҳраҳои барҷастаи забоншиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик буд. Бобояш Шарифҷон Махдуми Садри Зиё аз донишмандон ва зиёиёни маъруфи Бухоро ба шумор мерафт.

Рустам Шукуров то синни 16-солагӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, баъдан ба Маскав рафт. Соли 1984 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм намуд ва роҳи худро ба омӯзиши таърихи Бизонс ва муносибатҳои ҷаҳони насронӣ бо ҷаҳони мусулмонӣ пайваст.

Ӯ соли 1990 рисолаи номзадӣ дар бораи Империяи Требизонд ва Шарқ ва баъдан пажӯҳиши доктории худро доир ба ҳузури туркҳо дар ҷаҳони Бизонс анҷом дод.

Имрӯз Рустам Шукуров профессори кафедраи таърихи асрҳои миёнаи Донишгоҳи давлатии Маскав буда, аз муҳаққиқони шинохтаи таърихи Бизонс, Эрон ва ҷаҳони туркӣ маҳсуб мешавад. Соҳаи пажӯҳишҳои ӯ робитаҳои фарҳангӣ ва мазҳабии Шарқу Ғарб, таърихи Эрон, Осиёи Марказӣ ва исломро низ фаро мегирад.

Ӯ муаллифи беш аз 150 асари илмӣ мебошад. Соли 2016 барои саҳмаш дар рушди илми таърих сазовори Ҷоизаи ба номи Михаил Ломоносов гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *