Садсолагии Муҳаммадҷон Шакурӣ дар Лондон 

25-уми сентябр дар шаҳри Лондон номи бузургмарде гиромӣ дошта шуд, ки умри худро барои ҳифзи забон, фарҳанг ва худшиносии миллии тоҷикон сарф кардааст. Бо ҳимояти Бунёди мероси Эрон, Маркази мутолеъоти Исмоилӣ ва Иттиҳодияи байналмилалии мутолеъоти Тоҷикистон дар Маркази Оғохон дар Лондон маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба 100-солагии академик, адабиётшинос ва мунаққиди барҷаста Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил аҳли илму адаб, шарқшиносон, пажӯҳишгарон, дӯстдорони фарҳанги форсу тоҷик ва фарзандону пайвандони устод ширкат карданд. Барномаи ҳамоишро доктор Додихудо Қадамзода, Бахтиёр Муҳаммадҷонов – котиби дуюми Сафорати Тоҷикистон дар Британия ва Оят Шукуров оғоз намуданд.

Яке аз лаҳзаҳои хотирмони чорабинӣ намоиши филми мустанади «Шаҳсавори Хуросон» буд. Ин филмро рӯзноманигори тоҷик Суҳроби Зиё дар бораи зиндагӣ, шахсият ва фаъолияти илмии Муҳаммадҷон Шакурӣ таҳия кардааст. Дар он аз андеша ва хотираҳои Гулрухсори Сафӣ, Сафар Абдуллоҳ, Абдунабӣ Сатторзода, Равшан Раҳмонӣ ва академик Абдуҷаббор Раҳмонзода истифода шудааст. Порчаҳое аз суҳбатҳои худи устод ва наворҳои нодири бойгонӣ низ ба филм шомил гардидаанд.

Нусхаи намоишдодашуда бо зернависи англисӣ буд. Ин корро Аниса Собирӣ, мустанадсози ҷавони тоҷики муқими Лондон ва Оят Шукуров, набераи Муҳаммадҷон Шакурӣ анҷом додаанд.

Унвони филм – «Шаҳсавори Хуросон» низ тасодуфӣ нест. Масъалаи Хуросон, пайванди тоҷикон бо ҷаҳони густурдаи форсизабон ва бозшиносии решаҳои таърихии миллат аз мавзуҳои меҳварии осори Шакурӣ буданд. Китоби маъруфи ӯ «Хуросон аст ин ҷо» низ ҳамин ҷаҳонбинӣ ва андешаи таърихиву фарҳангии олимро инъикос мекунад.

Бахши илмии маҳфилро Камила Аҳмадҷонова, пажӯҳишгари Донишгоҳи Оксфорд роҳбарӣ кард. Моника Уитлок, рӯзноманигор ва нависандаи бритониёӣ, ки солҳои зиёд ба ҳайси хабарнигори BBC дар Осиёи Марказӣ кор кардааст, таҳти унвони «Дидор бо Муҳаммадҷон Шакурӣ» суханронӣ намуд.

Яке аз суханрониҳои муҳими ҳамоиш ба бойгонии шахсии олим бахшида шуд. Рустам Шукуров, фарзанди устод ва пажӯҳишгари Академияи илмҳои Австрия дар бораи бойгонии Муҳаммадҷон Шакурӣ маълумот дод.

Зикр гардид, ки аҳаммияти ин бойгонӣ танҳо бо осор ва дастнависҳои худи устод маҳдуд намешавад. Муҳаммадҷон Шакурӣ дар хонадони яке аз чеҳраҳои маъруфи фарҳангии Бухоро Садри Зиё ба дунё омадааст. Аз ин рӯ, бойгонии ӯ барои омӯзиши таърихи фарҳангӣ ва иҷтимоии Бухоро, сарнавишти зиёиёни он ва гузариш аз муҳити аморат ба даврони шӯравӣ манбаи муҳим аст.

Муҳаммадҷон Шакурӣ беш аз шаш даҳсола ба таҳқиқи забон, адабиёт ва таърихи тоҷикон машғул буд. Ӯ узви Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон буда, дар таҳияи Қонуни забони тоҷикӣ низ саҳм гузоштааст. Аз ӯ даҳҳо асари илмӣ ба мерос мондааст. «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист», «Хуросон аст ин ҷо», «Садри Бухоро», «Равшангари бузург» ва «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» аз ҷумлаи асарҳои маъруфи ӯ мебошанд.

Дар маҳфили Лондон фарзандони устод Рустам ва Анвар Шукуровҳо ҳамроҳ бо пайвандони хонавода ширкат карданд. Онҳо аз фазилатҳои падар, муҳити хонаводагӣ ва зиндагии донишманд ёдовар шуда, ба саволҳои иштирокдорон посух гуфтанд.

Маҳфил бо суханони хотимавии профессор Анвар Шукуров анҷом ёфт. Он рӯз дар Лондон танҳо садсолагии як олим таҷлил нашуд. Дар ҳақиқат, сухан аз бозхонии як давраи муҳими фарҳанги тоҷик мерафт, аз Бухорои Садри Зиё то Душанбе, аз масъалаи забони миллӣ то худшиносӣ ва пайванди тоҷикон бо ҷаҳони форсӣ. Ва дар маркази ҳамаи ин Муҳаммадҷон Шакурӣ қарор дошт, донишманде, ки тамоми умр кӯшид миллат худро беҳтар бишиносад.

Фаррух ЮЛДОШЕВ, 

рӯзноманигор, шаҳри Лондон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *