Бонки Ҷаҳонӣ барои ду лоиҳа дар Тоҷикистон беш аз 42 млн доллар ҷудо мекунад

Дирӯз, 11 октябр Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Рабалланд созишномаҳои маблағгузории иловагиро барои ду лоиҳаи амалкунанда имзо карданд.

Маблағҳои иловагӣ ба таҳкими амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳо барои кӯдакон равона мешаванд.

Тибқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, барои лоиҳаи «Таҳкими устувории бахши кишоварзӣ» аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) 7,5 миллион доллар маблағгузории иловагӣ пешбинӣ шудааст. Бонки Ҷаҳонӣ ин маблағгузориро 30 сентябри соли 2026 тасдиқ кардааст.

Қарор аст ин маблағ барои анҷом додани корҳои сохтмонии маркази агрологистикӣ дар ноҳияи Данғара, таъмин намудани маркази агрологистикии шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити фаъолияти устувори ҳар ду марказ истифода шавад.

Интизор меравад, фаъолияти марказҳои агрологистикӣ дастрасии кишоварзонро ба инфрасохтори нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулот беҳтар карда, барои зиёд шудани даромади онҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди имкониятҳои содиротӣ мусоидат кунад. Лоиҳа ҳамчунин ба таҳкими амнияти озуқаворӣ равона шудааст.

Барои лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» низ маблағгузории иловагӣ пешбинӣ гардидааст. Дар пойгоҳи расмии Бонки Ҷаҳонӣ маблағи иловагии IDA барои ин тарҳ 30 миллион доллари ИМА нишон дода шудааст. Ин маблағгузорӣ 29 сентябри соли 2026 тасдиқ шудааст.

Илова бар ин, Механизми глобалии маблағгузорӣ барои ҳифзи саломатии занон, кӯдакон ва наврасон (GFF) барои татбиқи тадбирҳои марбут ба рушди кӯдакон маблағгузории иловагӣ пешниҳод мекунад.

Бо истифода аз ин маблағҳо фарогирии хизматрасониҳои лоиҳа дар чор ноҳияи дигар васеъ шуда, барои таъсиси 300 синфхонаи томактабӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Ҳамчунин истифодаи шаклҳои гуногуни таълими томактабӣ густариш хоҳад ёфт.

Дар бахши тандурустӣ ҷорӣ намудани мунтазами Барномаи мониторинги рушд ва инкишофи кӯдак, баланд бардоштани малакаи кормандони тиб ва рақамикунонии низоми арзёбиву мониторинги рушди кӯдакон пешбинӣ шудааст.

Бонки Ҷаҳонӣ интизор дорад, ки ин сармоягузориҳо барои беҳтар шудани омодагии кӯдакон ба мактаб, рушди солиму ҳамаҷонибаи онҳо ва таҳкими сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *