Эрон хостори таъсиси формати нави ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ шуд
Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён пешниҳод кард, ки бо иштироки Теҳрон формати нави ҳамкорӣ бо номи «ИДМ+1» таъсис дода шавад. Ӯ ин ташаббусро зимни нишасти Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Туркманистон баён кард. Дар ин бора хабаргузории “Форс”иттилоъ додааст.
Пизишкиён нахустин президенти Эрон аст, ки дар чунин нишаст ба ҳайси меҳмони махсус иштирок кардааст. Ба гуфтаи ӯ, формати пешниҳодшуда метавонад ба воситаи чандир ва муассир барои густариши муколама ва ҳамкории муштарак табдил ёбад.
Роҳбари Эрон таъкид кардааст, ки дипломатияи минтақавӣ набояд танҳо бо баргузории мулоқотҳо маҳдуд шавад. Ба андешаи ӯ, ҳамкории кишварҳо бояд ба ҳалли буҳронҳо, нигоҳ доштани робитаҳои байнидавлатӣ, пешгирии шиддат гирифтани низоъҳо ва рушди ҳамкории амалӣ мусоидат кунад.
Масъуд Пизишкиён ҳамчунин аз давлатҳои минтақа даъват кардааст, ки имкониятҳои худро муттаҳид намуда, аз мавқеи ҷуғрофии худ самаранок истифода баранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ