Ба доди мо расед Раис!Вақте як соҳибкор як деҳаро ба ташвиш мегузорад

Ба таваҷҷуҳи раиси ноҳияи Спитамен Нуъмонҷон Темурзода

Сокинони деҳаи Навкати ноҳияи Спитамен мегӯянд, ки соҳибкор Равшан Бобоҷонов дар миёнаи деҳа нуқтаи шустушӯи мошин ва ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ сохта, атрофро пур аз партов ва ба зиндагии осоиштаи онҳо халал ворид мекунад. Насби антеннаи мавҷпаҳнкунии ширкати мобилии Тселл бо миёнравии ин нафар дар деҳа ташвишу таҳлукаи онҳоро афзудааст…

Мушкилоте, ки тоҷир эҷод кард…

Сокинони кӯчаҳои ба номи “Эргаш Юсупов” ва “Нурафшон”-и деҳаи Навкати ноҳияи Спитамен мегӯянд, ки Равшан Бобоҷонов дар шафати ҳавлиҳояшон антенаҳои мавҷпаҳнкунии ширкати Тселл-ро бо миёнаравӣ насб карда, аз ин ширкат манфиати молӣ мебинад, аммо сокинон аз зарари мавҷи ин антенаҳо нигаронанд. Илова бар ин генераторҳои антена, ки пайваста бо садои баланд кор мекунанд, рӯзгори ороми мардумро ноором кардааст.

Антеннаҳо ягона зарари ин соҳибкор ба ҳаёти осоиштаи ин мардум нест. Бӯи бади ду ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ ва оби ифлосе, ки аз нуктаҳои шустушӯйи автомобилии ин нафар ба атроф паҳн мешавад, боиси афзоиши пашшаҳо ва ҳар гуна ҳашароти зараррасон шудааст.

Воқеан, вақте мо ба ҳавлии яке аз муроҷиаткунандагон —Абдулло Раҳимов рафтем, бо вуҷуди сардии пагоҳӣ ва фаро расидани фасли тирамоҳ аз буйи ғализи партовҳо зиёд дар ҳавлии ин нафар истода натавонистем. Лойқае ки аз оби пасмондаи мошиншӯйҳо ба вуҷуд омадаааст, табъи касро хира мекард. Бинобар ин, мо маҷбур шудем, ки суҳбатамонро дар дохили хона гузаронием.

Сокинон: Тоқатамон тоқ шуд!

Абдулло Раҳимов:

-7 сол пеш ин хонаро сохта, ягон рӯз орому осуда зиндагӣ накардаем. Овози баланди мойка, ғурроси движокҳо, бӯи бади ифлосиҳои аз мойка ва ҳоҷатхонаҳо меомада косаи сабри моро лабрез кардааст. Ин ҳама ҳолатро, ки худи шумо дида истодаед ба саломатию бехатарии инсон, хоса кӯдакон зарар дорад. Мо борҳо ба масъулини ҷамоат муроҷиат кардем, аммо ваъда доданду корбарӣ накарданд. Ду моҳ пеш ба ҳукумати ноҳия ариза кардем, аммо то имрӯз баррасӣ нашудааст ва ҷавобе ҳам наомадааст.

Мафтуна Ахмедова:

-Дар паси девори ман антенаҳо ва движокҳои садобаланди он, нуқтаи шустушӯи мошинҳо (мойка) ва хоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ ҷойгир аст. Кӯдаконам на хоб доранд на роҳат. Гирёнчаку инҷиқ шудаанд. Ояндаи фарзандонам дар хатар аст. Наход дар ноҳияи Спитамен дигар ҷой барои насби антенаҳо набошад? Ё магар имкон надорад, ки автомойкаҳои замонавӣ созад ин соҳибкор, ки ба мардум зарар нарасонад? Ба доди мо касе намерасад.

Лола Раҳимова:

— Ман 4 фарзанд дорам. Медонам, ки мавҷи ин антенаҳо ба мағзи сари кӯдакон зарар дорад. Бобоҷонов ки миёнрави ин кор аст, бигзор дар ҳавлии калону дигар иншооти харидаш онро барда насб кунад. 

Бобоҷонов: Камбудиҳо бартараф мешаванд!

Соҳибкор Равшан Бобоҷонов зимни суҳбат бо мо иқрор шуд, ки дар ҳақиқат камбудиҳо ҷой доранд, ва мардум аз оби ифлоси нуктаҳои мошиншӯйӣ, партовҳои дар саҳни корхонааш партофташуда, бӯи ғализи ҳоҷатхонаҳо шикоят доранд, вале ваъда кард, ки дар наздиктарин фурсат ин мушкилиро бартараф мекунад.

-Иншооти мавриди шикоятро ба духтар ва домодам дода будам, ки кор кунанд. Вақеан, шикояти сокинон асос дорад. Феълан, ба домодам гуфтам, ки ҳарду ҳоҷатхонаро канда ҳамвор кунад, атрофро аз партов тоза карда, камбудиҳоро бартараф намояд. Дар масъалаи антенаҳо бошад ба боло фаҳмондам, ки мардум норозӣ ва аризанависӣ доранд, вале онҳо барои кӯчонидан розӣ мешаванд ё не чизе гуфта наметавонам…  

Оё Равшан Бобоҷонов ба ваъдааш меистад?

Ё ҳукумати ноҳия ба ин масъала расидагӣ мекунад…

Фарзона Муродӣ, вилояти Суғд

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.