Ба кӯдакону наврасон ҳам телефони боварӣ доданд

Ба кӯдакону наврасон ва волидонашон аз тариқи телефони боварӣ кумак расонида мешавад.
«Барои расонидани кумаки равонӣ, ки пурра ройгон аст, 16 нафар равоншиносони ботаҷриба аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҷалб карда шудаанд», — гуфтааст роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази кумаки равонӣ» Нафиса Юнусова.
Гуфта мешавад, ин марказ дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Мутаҳид (ЮНИСЕФ) ду моҳ пеш ба татбиқи лоиҳа оғоз бахшид.
«Ҳадаф аз лоиҳа расонидани ёрии равонӣ ба кӯдакону наврасоне мебошад, ки зери фишори зӯроварии гендерӣ ва шаҳвонӣ қарор гирифтаанд. Азбаски масъалаи мазкур нозук аст, алоқа ба таври махфуз сурат мегирад», — афзудааст Юнусова.
Таъсис додани чунин хати алоқа имконият медиҳад, ки наврасон ё волидайни онҳо дар куҷое набошанд, аз кӯмаки равонӣ бархурдор шаванд. Дар сурати зарурат мутахассисони мо метавонанд бо розигии шахси муроҷиаткунанда ё падару модараш бо ӯ рӯ ба рӯ суҳбат намуда, машваратҳои равонӣ диҳанд ва мизоҷи худро аз ҳолати ҳаяҷон берун оранд.
Инчунин мо имконият дорем, ки дар вақти муайян шудани ҳодисаҳои гендерӣ ва ё шаҳвонӣ ба муроҷиаткунандагони худ бо ҷалби мутахассисон кумакҳои ҳуқуқӣ ва тиббӣ низ расонем», изҳор доштааст Нафиса Юнусова.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *