Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию молиявӣ омили асосии муқовимат ба коррупсия
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари асосии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати коррупсияро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ махсусан қайд менамоянд ва муқовимати дастаҷамъонаро бо ин падидаи номатлуб мунтазам таъкид медоранд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта бо талошҳои пайвастаи сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст. Стратегияи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, №222 тасдиқ карда шудааст. Вазифаи асосии амалигардонии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ паст намудани шиддати он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.
Тибқи муқаррароти сархати якуми банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, №222 доир ба Стратегияи номбурда вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва зерсохторҳои он муваззаф гардонида шудаанд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегия ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он нақшаҳои кории дохилиидоравиро барои ҳар сол таҳия ва тасдиқ намуда иҷроиши онро таъмин намоянд.
Дар радифи дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои қарзию молиявӣ низ дар иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур ҳамиҷрокунанда маҳсуб меёбанд.
Бояд қайд намуд, ки айни замон аз ҷониби филиалҳои КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар вилояти Суѓд низ дар амалисозии чорабиниҳо дар самти муқовимат ба коррупсия тадбирҳои муассир андешида шуда, фаъолияти сохторҳои тобеъ баҳри тақвият бахшидан ҷиҳати тарғиби ҳатмии оммавии зиддикоррупсионӣ, пешгирӣ намудани тасарруф ва ҳолатҳои дигари коррупсионӣ ҳангоми истифодаи маблаѓҳои буҷетӣ ва ѓайрибуҷетӣ равона гардидааст.
Воқеан ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ҳамчун тадбири муҳиму саривақтӣ дар оѓози марҳилаи нави вусъати рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои муосири молиявӣ замина гузошт.
Бояд зикр намуд, ки гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, пеш аз ҳама дар коҳиш додани муомилоти нақдӣ ва таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ инчунин барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва кам намудани таъсири омилҳои инсонӣ мусоидат намуда, ҳамзамон дар рушди низоми бонкдории фосилавӣ шароит фароҳам овард. Дар амалисозии раванди мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ ва огаҳии мардум басо омили муҳим мебошад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва молиявии шаҳрвандон, инчунин рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки гузариш ба шакли муосири ҳисоббаробаркунӣ, пеш аз ҳама ба хотири таъмини шаффофияти равандҳои иқтисодӣ, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва тақвияти суботи молиявии кишвар мебошад. Бо дарки ин нукта масъулини филиалҳои КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, ҷамъомаду вохӯриҳо суҳбату мулоқотҳоро бо ҷалби қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, хусусан дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти дурдаст ба роҳ монда дар самти татбиқи дастуру супоришҳои роҳбари давлат фаъолияти худро густариш дода истодаанд.
Аз ҷониби мутаххасисони бонк дар рафти баргузории чунин чорабиниҳо дар баробари шинос намудани аҳолӣ бо номгуйи маҳсулотҳои бонкӣ инчунин ба иштирокчиён дар хусуси амалиётҳои фосилавӣ ва тарзи истифодаи дурусти кортҳои бонкӣ низ маълумот дода мешавад. Ба аҳолӣ оид ба бартарияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, истифодабарии замимабарномаи мобилӣ ва ҳамёни электронӣ, чораҳои пешгирӣ аз хавфҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ зимни анҷом додани амалиётҳо тавассути кортҳои бонкӣ, инчунин истифодаи муназзами воситаҳои электронии пардохт корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда истодааст.
Ҳамчунин, пайваста ба самъи аҳолӣ расонида мешавад, ки густариши низоми ғайринақдӣ ва истифодаи дурусти амалиётҳои фосилавӣ бо кортҳои бонкӣ дар пешгирии таъсири омилҳои инсонӣ, яъне коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ ин як амали оддӣ набуда, балки як навъ масъулият низ мебошад. Омили мазкур боиси он мегардад, ки зимни пардохти маблағҳои андоз ва хизматрасониҳои давлатӣ миёнаравии шахсони тасодуфиро аз байн мебарад. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар семоҳаи якуми соли равон беш аз 1700 нафар қишри гуногуни аҳолӣ дар чунин чорабиниҳои маърифати молиявӣ ҷалб гардиданд.
Дар радифи чорабиниҳои баргузоргардида ҳамчунин аз ҷониби раёсати бонк роҳандозӣ гардидани раванди азнавбақайдгирӣ ва айнияткунонии кортҳои бонкӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва эътимоднокӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин тадбири басо муҳим ва саривақтӣ мебошад. Айнияткунонӣ ва азнавбақайдгирии кортҳои бонкӣ ин пеш аз ҳама чораи муҳим барои ҳифзи воситаҳои электронии пардохтӣ ва маблағҳои мизоҷон маҳсуб меёбад. Ин раванд на танҳо бехатарии молиявии мизоҷонро таъмин мекунад, балки ба бонк имкон медиҳад, ки шаффофияти амалиётҳоро таъмин намуда, хавфҳои қаллобиро то дараҷаи муайян коҳиш диҳад. Бояд тазаккур дод, ки роҳандозии чунин тадбирҳо яке аз воситаҳои муҳим ҷиҳати пешгирии истифодаи ѓайриқонунии кортҳо ва барои роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Мусаллам аст, ки дар самти амалисозии ҳадафҳо ва барномаҳои зиддикоррупсионӣ баланд бардоштани масъулияти кормандон ва сатҳи дониши онҳо низ муҳим мебошад. Бо ин мақсад масъулини филиали вилоятиии КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо ҷалби мутахассисон аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузории семинарҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар ва мулоқоту суҳбатҳоро пайваста ба роҳ мондаанд.
Шоира Машрафҷонзода,
муовини мудири филиали №23-и КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар вилояти Суғд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ