Барқҷӯ: Якуми декабр зимистон фаро намерасад

”Мешавад, дар рӯзҳои наздик пурра барқ дода мешавад…” мегӯяд сухангӯи “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ.

“Умедвор будем,ки аз якуми декабр барқ  доимӣ мешавад, вале боз ҳамон Аҳмади порина шуд”,- ба сомонаи Pressa.tj занг зада мегӯяд аз Истаравшан  сокини ҳамин ноҳия Муҳаммадӣ Бафоев.

-Шукр,ки баъзан дер бошад ҳам, шабона барқ медиҳанд ва телефонамонро заряд мемонем. Овоза буд, ки баъд аз якуми декабр-рӯзи аввали зимистон барқ доимӣ мешавад. Аммо намедонем,ки бо кадом сабабе боз ин танҳо овоза монд . “Аҳмади порина” будани барқро сокини ноҳия Восеъ Партави Шариф ҳам тасдиқ мекунад. “Дар Панҷакент ҳам айни чунин ҳолат, баъзан пас аз хомуш кардани субҳгоҳӣ дар нисфирузӣ ягон соат барқ мешавад, вале доимӣ нашудааст” мегӯяд сокини ҳамин ноҳия Бибисоро Авезова.

Қурбон Солиев, муаллими мактаб дар ноҳияи Рӯдакӣ низ аз набудани барқ шикоят дорад. “Чаро пас аз оғози зимистон боз ҳам барқ нест?”  ”Мешавад, дар рӯзҳои наздик пурра барқ дода мешавад…” мегӯяд сухангӯи “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ. Он кас айнан чунин ҷавобро як моҳ пеш гуфта буданд , вале тавре яке аз нафароне,ки номашонро дар боло овардем, гуфт: “Якуми декабр шояд ҳоло зимистон фаро нарасида  бошад…”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *