Барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2026

Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода изҳор дошт, ки дар замони муосир воситаҳои ахбори омма яке аз василаҳои асосии таъсиррасон ба шуури ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ба гуфтаи ӯ, расонаҳо метавонанд афкори умумро шакл диҳанд ва ба ташаккули руҳияву худшиносии миллӣ мусоидат намоянд.

«Қудрати расонаҳо дар ташаккули афкори умум ва сиёсати ҷаҳонӣ ба касе пӯшида нест. Аз ин рӯ, барои ҳифзи ин сарзамин бояд сатҳи саводи расонаии худро баланд бардорем ва ба иттилоот бо назари таҳлилӣ ва интиқодӣ муносибат намоем»,-иброз дошт Масрур Абдуллозода.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён таъкид кард, ки имсол Рӯзи матбуоти тоҷик дар фазои хосса, соли таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, 35 сол пеш халқи тоҷик бо иродаи қавӣ ва ормони бузург бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаро оғоз намуд. Дар ин марҳилаи сарнавиштсоз матбуот ҳамеша дар канори давлат ва миллат қарор дошт.

Зимни ҳамоиш як зумра рӯзноманигорон бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадрдонӣ шуданд. Соли 2026 ин ҷоизаи бонуфуз ба Робия Холмирзо, Ҷумахон Файзализода, Мухтор Абдуллоев, Амрулло Забиров, Луқмонҷон Қурбонов ва Алишери Абдумаҷид тақдим гардид.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ як қатор рӯзноманигорон ва расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *