Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар Хатлон

Имрӯз, 11 март дар шаҳри Бохтар 114-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳа таҷлил гардид.

Муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода намояндагони ВАО-ро бо иди касбиашон табрик гуфта, саҳми онҳоро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа назаррас арзёбӣ кард.

Ҳамчунин, дар ин рӯз озмуни вилоятии «Нерӯи сухан» ҷамъбаст гардид. Таъкид шуд, ки ҷамъомади имрӯза ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик-иди касбии рӯзноманигорони мамлакат  баргузор гардида, рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмати пуршарафу таъсирбахши намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошад. Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як журналист ҳамкору ҳамандеш, ёвари беғараз, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад.

Гуфта шуд, ки эҷодкорони Хатлонзамин ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили ҷангу ҳуҷумҳои иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон дода, мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд.

Инчунин, дар ин рӯз натиҷаи озмуни ҷоизаҳои вилоятӣ ба номи Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин ва Соҳиб Табаров миёни адибони вилояти Хатлон ҷамъбаст гардид.

Китоби «Фарёди сукут»-и Сипеҳри Ҳасанзод дар бахши насри бадеӣ ғолиби Ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав дониста шуд. Маҷмуаи шеърҳои шоири шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Султон бо номи «Ҳамболи орзу» дар бахши назм сазовори Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин гардид.

Китоби Мирзо Одина бо номи «Шарҳи сад ғазали Бедил» ба Ҷоизаи адабии ба номи Соҳиб Табаров мушарраф дониста шуд.

Ғолибон ҳар кадом бо маблағи 5000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *