Дар Тоҷикистон ваколатдори ҳуқуқи кӯдак иваз шуд
Дар Тоҷикистон ваколатдори ҳуқуқи кӯдак иваз гардид. Миҷгона Бобоҷонзода аз ин вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Нигора Муқимӣ таъин шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, палатаи поёнии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро барои тасдиқи ин тағйирот баррасӣ карда, қарорҳои дахлдор қабул кардааст.
Миҷгона Бобоҷонзода аз соли 2021 дар вазифаи ваколатдори ҳуқуқи кӯдак фаъолият мекард. Сабаби озодшавӣ ва оё ӯ ба мансаби дигар таъин шудааст ё не, то ҳол маълум нест.
Нигора Муқимӣ, ки ҳоло ин вазифаро ба дӯш гирифтааст, қаблан дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон фаъолият дошт ва сардори раёсати муқовимат ба фасод буд.
Ӯ хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар мақомоти зидди фасод аз соли 2010 оғоз кардааст ва дар чанд сохтори ин ниҳод кор кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ