Баргардонидани 3 кӯдаки муҳоҷир аз Русия

Ҳукумати Тоҷикистон се кӯдакро, ки модарони муҳоҷирашон дар Русия аз онҳо даст кашидаанд, ба ватан бармегардонад. Ин кӯдакон, ки дар таваллудхонаҳои гуногуни Русия нигаҳдорӣ мешуданд, қарор аст, шоми 27-уми июл ба Тоҷикистон интиқол ёбанд.

Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 26-уми июл гуфт, модарони навзодон бо далелҳои гуногун дар таваллудхонаҳо аз баҳри фарзандонашон гузаштанд. Ин манбаъ гуфт, чанд шаҳрванди Русия талабгори фарзандхонии бачаҳои тоҷик буданд, вале сафорати Тоҷикистон розӣ нашуд.

«Мо таҷрибаи баргардонидани кӯдаконеро дорем, ки дар Русия модаронашон аз онҳо даст кашиданд. Онҳо дар ватан беҳтар парасторӣ мешаванд»,-гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Мақомот мегӯянд, бештари заноне, ки аз фарзандони худ даст мекашанд, муҳоҷир ҳастанд. Дар санадҳое, ки ба ихтиёри таваллудхонаҳо гузоштаанд, сабаби даст кашидан аз навзодонро «надоштани шароити хуб» барои нигаҳбонии кӯдак, унвон кардаанд.

Мақомоти Русия пештар ба матбуот гуфта буданд, ки аз ҳама бештар занони муҳоҷири зодагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз навзодони худ дар таваллудхонаҳо даст мекашанд. Дар даҳ сол беш аз 100 кӯдаки тоҷик ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Бист соли пеш аксаран муҳоҷирони меҳнатӣ мардон буданд, вале дар чанд соли ахир шумораи занон низ афзоиш ёфтааст. Бар асоси омори расмӣ шумори занони муҳоҷири тоҷик дар Русия беш аз 100 ҳазор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *