Бархӯрди киштӣ дар Тайланд
Дар наздикии соҳилҳои ҷазираи Пхукети Тайланд, бар асари бархӯрди як киштии сайёҳӣ бо киштии моҳидорӣ, қаиқи сайёҳӣ ғарқ шудааст.
Дар дохили қаиқ 55 нафар қарор доштанд, аз ҷумла се шаҳрванди Ӯзбекистон. Ду нафар аз онҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштанд ва вазъи саломатиашон мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин росто вокуниш нишон дода таъкид карданд, тамоми хароҷоти тиббӣ ва дигар хароҷоти марбут ба осебдидагонро ширкати суғуртавии соҳиби қаиқ пурра пардохт кардааст.
“Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Бангкок бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои тиббии маҳаллӣ дар тамоси доимӣ қарор дошта, вазъиятро зери назорат доранд”- гуфтаанд мақомоти Ӯзбекистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ