Сафорати Эрон парчамашро нимапарфшон кард
Сафорати Эрон дар Тоҷикистон парчами худро ба хотираи қурбониёни эътирозҳо нимафрошта кард.
Эътирози бозорнишинон барои поён рафтани арзиши пули миллӣ нисбат ба доллар, ки боиси ташдиди густардаи норозогии мардум шуд. Дар натиҷа Эрон шоҳиди таҷамуи бузург ва кашида шудани он ба иғтишошот боиси марги чандин нафар гардид.
Ба иттилои созмонҳои хориҷӣ дар ин гирдиҳамоӣ ҳади ақал 466 кас ба ҳалокат орасиданд.
Мақомоти эронӣ аз кушта шудани 38 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд.
Дар ин росто масъулини Эрон 3 рӯзро дар кишвар Рӯзи мотам эълон карданд.
Ҳамчунин Сафорати ҶИ Эрон дар Душанбе ба хотири фавтидагон парчами ин кинварро нимапарафшон кардааст.
Ин чунин изҳор доштааст: “Сафорат изҳори тасаллияти амиқ ва ҳамбастагии комил бо мардуми Эрон мекунад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ