Барои раиси собиқи Кӯлоб 14 сол талаб карданд

Иноятзода тавассути ронанда ва ёрдамчиаш аз корафтодагон ва асосан барои ҷудо кардани қитъаҳои замин пора мегирифт.

12 ноябр айбдоркунандаи давлатӣ аз суд барои Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб 14 соли зиндон талаб кардааст. Айбдоркунанда аз суд ҳамчунин барои Хурсанд Хуррамов, ронандаи собиқи раиси Кӯлоб 9 соли зиндон ва барои ёрдамчиаш Фирӯз Қурбонов 5 соли зиндон талаб кардааст.

Тафтишот бар ин аст, ки Иноятзода маҳз тавассути ронанда ва ёрдамчиаш аз корафтодагон ва асосан барои ҷудо кардани қитъаҳои замин пора мегирифт. Баҳром Иноятзода ва ронандаву ёрдамчиаш дар аввали моҳи июн аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастгир шуданд.13 ноябр дар мурофиаи парвандаи пурсарусадои раиси собиқи Кӯлоб баҳси тарафайн сурат гирифта, сипас адвокатҳо ва айбдоршавандаҳо сухани охирини худро мегӯянд ва баъди ин додрас барои қабули ҳукм ба хонаи машваратӣ меравад. Интизор меравад, ҳукми Баҳром Иноятзода ва ронандаву ёрдамчиаш ҳафтаи оянда эълон шавад.Қаблан мақомоти додгоҳи вилояти Хатлон гуфтанд, ки Иноятзода бар асоси 6 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — моддаҳои 314 қисми2, (сӯистифода аз ваколатҳоимансабӣ), 319 қисми 4 (гирифтани пора дар ҳаҷми бузург), 245 қисми 2 (азони худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда), 247 (қаллобӣ), 338 нишонаи 1, қисми 2 (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин), 262 (қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст омада) айбдор мешавад. Иттиҳоми дузанагӣ,ки дар аксар ҳолат ҷаримаро пешбинӣ мекунад, аз парвандаи ӯ лағв шудааст.Баҳром Иноятзода, ки қаблан узви Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Истаравшан буд, моҳи майи соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Рӯзи 8 июн, дар пайи боздошташ, Иноятзодаро бо фармони президент аз мақом барканор карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *