Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ: Бисёр чизро метавон иваз кард, аммо Ватанро ҳаргиз!

Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ бо ҷиу-ҷитсу Тоҷикистон дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад

Моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи бонуфузи Abu Dhabi Grand Slam аз рӯи ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгари 20-сола Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ (вазни то 77 кг), ки дар Шветсия ба дунё омадаву ба воя расидааст, вале аз овони кӯдакӣ зери Парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад, медали тиллоро ба даст овард.

Дар охири моҳи июн ӯ боз як дастоварди бузургро соҳиб шуд. Дар даври навбатии Abu Dhabi Grand Slam Jiu-Jitsu World Tour, ки дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор гардид,  қаҳрамон шуд. Ба шарофати ин пирӯзиҳо Беҳном дар раддабандии ҷаҳонии AJP Tour мақоми аввалро дар вазни худ касб кард.

Ин барои Тоҷикистон дастоварди таърихӣ гардид. Бори нахуст намояндаи кишвари мо дар раддабандии ҷаҳонии AJP Tour ба ҷойи аввал баромад ва собит сохт, ки ҷиу-ҷитсуи тоҷик қодир аст бо пурқувваттарин варзишгарони ҷаҳон рақобат намояд.

Ҳарчанд Беҳном дар Шветсия таваллуд шудаву ба камол расидааст, дар ҳамаи мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳз Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад ва Парчами Ватани  худро дар баландтарин майдонҳои варзишии ҷаҳон барафрохта месозад.

Саргузашти Беҳном низ ғайриодӣ аст. Дар вуҷуди ӯ насабҳои маъруфи фарҳангии Тоҷикистон ба ҳам омадаанд. Ӯ набераи ҳунарманди бузург Ҳабибулло Абдураззоқов ва аз авлоди хонадони маъруфи Шаҳидӣ мебошад. Аммо ба ҷойи роҳи ҳунар, роҳи варзишро интихоб кард.

Аз овони кӯдакӣ падару модараш ӯро ба намудҳои гуногуни варзиш – дзюдо, теннис, футбол, волейбол ва гимнастикаи варзишӣ ҷалб карданд. Бо вуҷуди ин, худи ӯ ниҳоят ҷиу-ҷитсуро интихоб намуд. Интихобе, ки баъдтар ӯро ба қуллаҳои варзиши ҷаҳон расонд.

«Ман дар Шветсия таваллуд шудаам, аммо Тоҷикистон Ватани ман аст. Падару модарам аз кӯдакӣ ба ман меомӯзонданд, ки инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунам», – мегӯяд варзишгар.

«Дар зиндагӣ бисёр чизро метавон иваз кард, аммо Ватанро ҳаргиз. Ҳарчанд дар Шветсия бузург шудаам, ман ҳамоно тоҷик ҳастам», – бо ифтихор таъкид мекунад ӯ.

Ба олами ҷиу-ҷитсу Беҳномро падараш овард. Он вақт ӯ ҳамагӣ шашсола буд. Дар ҳамон рӯз аввалин кимонои худро ба бар кард ва аз ҳамон лаҳза ҷиу-ҷитсу ба бахши ҷудонашавандаи зиндагии ӯ табдил ёфт.

Имрӯз Беҳном аллакай унвонҳои қаҳрамони Аврупо, қаҳрамони ҷаҳон ва ғолиби даҳҳо мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалиро дар ихтиёр дорад. Аммо роҳи расидан ба ин қуллаҳо осон набуд.

Ба гуфтаи худи ӯ, нақши падараш дар ташаккули шахсият ва фаъолияти варзишиаш ҳалкунанда мебошад.

«Падарам қариб дар ҳамаи мусобиқаҳо ҳамроҳам буд. Ӯ рафти тамринҳоямро пайгирӣ мекард, интизомро дар ман тарбия намуд ва ҳеҷ гоҳ аз дастгириам даст накашид. Агар имрӯз ба чунин натиҷаҳо расида бошам, ин танҳо самари заҳмати ман нест, балки натиҷаи меҳнати бузурги падарам низ ҳаст»,-таъкид дошт ӯ.

Дар баробари ин, варзиш ҳеҷ гоҳ ба таҳсили Беҳном халал нарасонд. Ӯ мактабро дар Шветсия бо баҳои аъло хатм карда, ба яке аз гимназияҳои бонуфуз дохил шуд ва онро низ бомуваффақият ба анҷом расонд. Аммо бо гузашти вақт варзиши касбӣ ба шуғли асосии зиндагии ӯ табдил ёфт.

Паси ҳар як унвону медал на танҳо соатҳои тӯлонии машқ, балки озмоишҳои ҷиддӣ низ меистанд. Пеш аз мусобиқаи Grand Slam дар Абузабӣ, Беҳном маҷбур шуд, ки танҳо дар давоми шаш рӯз ҳашт килограмм вазн кам кунад, то ба меъёри вазнии мусобиқа мутобиқ гардад.

«Ман ҳаққи бохтан надоштам. Дар мусобиқа наздиконам – амакам Ҳофиз ва Фирдавс Шоҳидӣ ҳузур доштанд, ки ба ман дастгирии бузург расонданд. Вақте аҳли оила дар паҳлӯят аст, масъулиятат боз ҳам бештар мешавад», – мегӯяд ӯ.

Бо вуҷуди он ки имрӯз ҷиу-ҷитсу дар саросари ҷаҳон рӯз ба рӯз маъруфтар мегардад, ин намуди варзиш аз ҷиҳати молиявӣ ҳамоно яке аз душвортаринҳост. Худи Беҳном дар ин бора ошкоро мегӯяд:

«Метавонӣ қаҳрамони ҷаҳон шавӣ, вале қариб чизе ба даст наорӣ. Бисёр варзишгарони боистеъдод танҳо аз сабаби набудани маблағ маҷбур мешаванд фаъолияти худро қатъ кунанд. Якҷо пеш бурдани кор, машқҳои ҳаррӯзаи чандсоата ва сафарҳои пайваста ба мусобиқаҳо ниҳоят душвор аст».

Маҳз ҳамин мушкилот сабаб шуд, ки Беҳном ҳанӯз дар наврасӣ ба омӯзонидани кӯдакон оғоз кунад, то барои иштирок дар мусобиқаҳо ва сафарҳои варзишӣ маблағ пайдо намояд. Имрӯз ӯро аҳли оила, наздикон, дӯстону ҳамкорон дастгирӣ мекунанд. Аз ҷумла, Alif Bank ва клуби IamFighter.tj аз сарпарастони асосии ӯ буда, дар рушду пешрафташ саҳми назаррас доранд.

Ҳангоми мусоҳиба дар паҳлӯи ӯ амакаш аз ҷониби модар – Алишер Шоҳидӣ низ ҳузур дошт. Ӯ солҳои зиёд фаъолияти варзишии ҷиянашро пайгирӣ ва дастгирӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, мусобиқаи охирини Abu Dhabi Grand Slam-ро тариқи онлайн тамошо кардааст ва лаҳзае, ки дар пахши мустақим садо дод: «Беҳнам Разаки Шоҳидӣ аз Тоҷикистон», барои ӯ эҳсоси ифтихори бузурге бахшид.

«Ин лаҳза бисёр ҳаяҷоновар буд. Шунидани номи ҷиянам ҳамроҳ бо номи Тоҷикистон дар чунин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ барои тамоми хонавода мояи ифтихори бузург аст»,- мегӯяд Алишер Шаҳидӣ.

Ба гуфтаи худи Беҳном, маҳз оила такягоҳи асосии ӯст.

«Ман аз дастгирии хеле қавии оила бархӯрдорам. Онҳо ҳамеша дар паҳлӯям ҳастанд ва тамоми имкониятро фароҳам меоранд, то шароити хуби тамрин дошта бошам, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок кунам ва дар бонуфузтарин мусобиқаҳои ҷиу-ҷитсуи ҷаҳон ҳунарнамоӣ намоям. Бо вуҷуди рақобати ниҳоят шадид, ман тавонистаам бар рақибони пурқувват пирӯз шавам. Ҳар боре, ки ба шоҳсуфаи ғолибон мебароям, бо ифтихори бузург парчами Ватани таърихии худ – Тоҷикистонро боло мебардорам», – мегӯяд ӯ.

Бо вуҷуди он ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад, Беҳном пайваста ба Душанбе меояд, бо варзишгарони маҳаллӣ тамрин мекунад ва робитаи худро бо ҷомеаи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон нигоҳ медорад.

Ҳангоми мусоҳиба ӯ борҳо сатҳи баланди дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба грэпплингро таъкид намуда, саҳми сармураббии даста – Комил Боймуродовро махсусан арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳар дафъае, ки ба Душанбе меояд, таҳти роҳбарии Комил Боймуродов бо варзишгарони тоҷик машқҳои муштарак ва дарсҳои маҳорат (мастер-класс) баргузор мекунад.

Ҳамчунин Беҳном мунтазам дар UFC Gym Tajikistan, ки аз ҷониби соҳибкор Дилшод Ҷӯраев таъсис дода шудааст ва дар рушди муҳорибаҳои муосир дар Тоҷикистон саҳми назаррас дорад, тамрин мекунад.

Омодагии баланд, меҳнатдӯстӣ ва натиҷаҳои назарраси ӯ дарҳои беҳтарин мактабҳои ҷиу-ҷитсуи бразилиро ба рӯяш боз карданд. Солҳои охир ӯ дар ҷамъомадҳои таълимии дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб, Иёлоти Муттаҳида, Бразилия, Русия ва чанд кишвари дигар иштирок кардааст.

Имрӯз клуби асосии Беҳном Alliance Rio de Janeiro мебошад, ки яке аз пурқувваттарин клубҳои ҷиу-ҷитсуи бразилӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо варзишгарон ҳар рӯз ҳафт то ҳашт соат дар татамӣ тамрин намуда, маҳорати худро дар канори беҳтарин намояндагони ин навъи варзиш такмил медиҳанд. Аммо худи Беҳнам таъкид мекунад, ки барои ӯ узви варзиши Тоҷикистон боқӣ мондан аз ҳама муҳим аст.

«Тоҷикистон кишвари хурд, вале дорои таърихи бузург аст ва мо бояд якдигарро дастгирӣ кунем. Имрӯз вақти он расидааст, ки нишон диҳем тоҷикон ба чӣ қодиранд»,-изҳор дошт ӯ.

Барои Беҳном ҷиу-ҷитсу танҳо як навъи муҳориба ё варзиши касбӣ нест. Ӯ онро фалсафа ва шоҳмот меномад.

«Ҷиу-ҷитсу инсонро ором мекунад. Вақте ту худро ҳимоя карда метавонӣ, дигар зарурате намемонад, ки чизеро ба касе исбот кунӣ»,-таъкид дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ин навъи варзиш барои ҳама мувофиқ аст – барои мардону занон, кӯдакону калонсолон.

Хоҳари хурдии ӯ низ ба теннис ва ҷиу-ҷитсу машғул аст. Бародари хурдиаш бошад, аллакай чандин маротиба қаҳрамони Аврупо гардидааст. Дар ин хонавода мутмаинанд, ки ҷиу-ҷитсу варзиши таҷовуз нест, балки мактаби интизом, худназоратӣ ва эътимод ба нафс мебошад.

«Дар ҷиу-ҷитсу синну сол ва ҷинс аҳамият надорад. Ин варзиш барои ҳама аст. Он дар бораи ҳимояи худ, эҳтиром ва ташаккули хислат аст», – мегӯяд Беҳнам.

Имрӯз ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳилаи рушд қарор дорад. Ин навъи варзиш то ҳол имкониятҳои бузурги молиявӣ надорад ва ба андозаи дигар навъҳои муҳориба маъруф нест. Бо вуҷуди ин, маҳз ба шарофати варзишгарони насли нав номи Тоҷикистон бештар дар бузургтарин мусобиқаҳои ҷаҳон садо медиҳад.

Беҳном яке аз намояндагони ҳамин насли нави варзишгарони тоҷик аст, ки бо заҳмату маҳорати худ обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло мебардоранд. Ӯ ҷавон, ботарбия, боинтизом, боэътимод ва дар айни замон инсони орому хоксор аст. Қиссаи зиндагии ӯ собит месозад, ки муҳаббат ба Ватан на аз макони таваллуд, балки аз интихоби огоҳона, эҳтиром ба решаҳои худ ва хоҳиши бо шараф намояндагӣ кардани кишвари худ дар арсаи байналмилалӣ сарчашма мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *