Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Масъуди Пизишкиён дар шаҳри Теҳрон

3 июл дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар оғози суҳбат Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми дӯсти Эрон дар робита ба шаҳодати собиқ Раҳбари олии кишвар Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ изҳори таслият кард.

“Зимни суҳбат аз раванди рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳамчун василаи муҳими робитаҳои иқтисодиву тиҷорӣ таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки ҳаҷми табодули молу коло миёни ду кишвар дар панҷ соли ахир ҳашт баробар афзуда, дар соли 2025 қариб ба панҷсад миллион доллар наздик шуд. Зимнан изҳори бовар карда шуд, ки барои расонидани ин нишондод ба як миллиард доллар дар ояндаи наздик тамоми имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд.

Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, роҳсозӣ, ҳамлу нақл, сайёҳӣ ва тандурустӣ муҳим шумурда шуд.

Зимни баррасии масоили амниятӣ изҳори умед карда шуд, ки раванди сулҳу созиш ва афзалият додан ба роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли низоъҳо дар минтақа устувор хоҳад монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *