Ҷазои ду сокини пойтахт барои пахши маводҳои ғайриахлоқӣ ва алфози қабеҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нисбати ду сокини пойтахт барои нашри маводи дорои муҳтавои ғайриахлоқӣ ва истифодаи алфози қабеҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чораҳои маъмурӣ андешиданд.
Ба иттилои мақомоти милитсия, Ҳилола Ҷумабоева, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе бо гумони пахши аксҳо ва наворҳои дорои хусусияти ғайриахлоқӣ ва инчунин гузаронидани пахшҳои мустақим бо истифода аз суханони қабеҳ дастгир шудааст.
Бо қарори суд нисбат ба ӯ 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардидааст. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ӯ қаблан низ барои чунин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд.
Ҳамзамон, Ҷонон Толибзода, сокини 31-солаи шаҳри Душанбе барои нашри наворҳои дорои алфози қабеҳ ва таҳқиромез дар саҳифаи Instagram-и худ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд. Бо қарори суд нисбат ба ӯ ба маблағи 624 сомонӣ ҷарима таъин гардид.
Мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ахлоқиро риоя намоянд. Инчунин, аз паҳни маводи дорои муҳтавои ғайриахлоқӣ, суханони қабеҳ ва таҳқиромез худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ