Бо супориши Президент мақомдорони тоҷик ба Бадахшон сафар карданд

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияи Тоҷикистон аз фаъолияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шудааст.  

Гуфта мешавад, ки Шералӣ Кабир бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба  ВМКБ сафар намуда, зимнан, аз вазъи омода намудани мутахассисон дар ин муассаи олӣ якҷо бо масъулини вилоят ошно шудаанд.

Шералӣ Кабирро раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва раиси  шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни боздид аз донишгоҳи мазкур, Шералӣ Кабир ба тарҳи меъмории донишгоҳ баҳои баланд дод.

Манбаъ аз ҳукумати вилояти ВМКБ хабар медиҳад, ки вазир ба масъулини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд, ки мутахассисони соҳаи геология ва саноатро омода намоянд.

Ӯ гуфт, ин мутахасиисон бо Вазорати саноат ва технология ҳамкорӣ намуда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи диёр саҳмгузор хоҳанд шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара аз ҳаводиси ахир, ки дар ВМКБ рух дод, зикр намуд ва ба аксар вазирону раисон супориши қатъӣ дод, ки ба ин вилоят сафар кунанд.

Ӯ аз ҷумла ба Вазири саноат ва технологияи Тоҷикистон, Шералӣ Кабир супориш дод, ки аз ВМКБ боздид кунад ва давоми даҳ рӯз тамоми шарту шароити ин минтақаи дурдасти кӯҳиро омӯхта аз пайи ташкил додани корхонаҳои хурди саноатӣ шавад.

Дар баробари Шералӣ Кабир, роҳбарони вазорати тандурустӣ, нақлиёт, кишоварӣ ва чандин мақомдорони дигар дар ВМКБ қарор доштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *