Бо заҳмати Шумо-модарон, шаҳри Душанбе покиза ва зебо мегардад!

Бо ташаббуси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пойтахт»-и дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе меҳнати кормандони нигоҳдории роҳҳои пойтахт, бахусус занон-модарон қадрдонӣ гардид.

Зимни чорабинӣ ба занон-модароне, ки дар рӯзҳои сарди зимистон барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе саҳми арзанда мегузоранд, чой, қаҳва, хӯроки гарм, ширинӣ, инчунин дастпӯшаку рӯймолҳои ғафси зимистона тақдим карда шуд.

Ташаббускорон бо изҳори сипос аз заҳмату меҳнати софдилонаи онҳо таъкид намуданд, ки маҳз бо кӯшишу талоши занон-модарон пойтахт покиза, зебо ва дилнишин мегардад. Меҳнати содиқонаи онҳо ҳамеша бо эҳтироми баланд қадр карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *