Бохтар: Бақияи қарзи андоз ба 7 миллиону 170 ҳазор сомонӣ расидааст

Феълан бақияи қарзи андоз дар шаҳри Бохтар ба 7 миллиону 170 ҳазор сомонӣ расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар аввали соли 2022 бақияи қарзи андоз зиёда аз 7 миллиону 850 ҳазор сомонӣ буд.

Иброҳим Пиров, мудири бахши ситонидани қарзи андозҳои нозироти андоз дар шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар натиҷаи суҳбат бо андозсупорандаҳо бақияи қарз кам карда шудааст. Ӯ мегӯяд, ки дар нуҳ моҳ бақияи қарзи андоз наздики 700 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

«Дар байни ташкилоту идораҳои қарздор аз андоз муассисаҳои давлатӣ ҳам ҳастанд. КДФ “Хоҷагии манзиливу коммунаӣ”, ҶСК “Комбинати шири шаҳри Бохтар”, КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”, ҶДММ “Диамант И К” ва ҶДММ “Бунёд ЛТД” дар назди нозироти андоз бақияи қарз доранд»,- афзуд ӯ.

Иброҳим Пиров гуфт, ки Козироти андоз дар шаҳри Бохтар фаъолиятро ҷоннок намуда, бақияи қарзи андозро марҳила ба марҳила аз ҷамъияту ташкилотҳои қарздор мерӯёнад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *