Бохтар: Сохтмонҳо барои истиқболи шоиста аз 35-умин солгарди Истиқлол

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол кардани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар сохтмони 201 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар даҳ моҳи соли равон аллакай 13 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки барои омодагӣ ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст ва то имрӯз нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ иборат аз 270 банд бо таъсиси 1 ҳазору 462 ҷойи корӣ таҳия карда шудааст. Гуфта шуд, ки дар панҷ соли оянда сохтмони 71 бинои истиқомотии баландошёна, 51 маркази савдо, 18 корхонаи гуногуни саноатӣ, нуҳ бинои маъмурӣ, панҷ боғу гулгашт, 47 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, варзишгоҳ ва муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

— Давоми сол 13 иншооти таъиноти гуногун бо харҷи зиёда аз 57 миллиону сомонӣ бунёд карда шуд. Баъди пурра иҷро шудани нақшаи пешбинишуда наздики 1 ҳазору 500 ҷойи кории нав ташкил карда хоҳад шуд,- афзуд манбаъ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *