Бойтарин муаллими Тоҷикистон
Ин муаллим ҳеҷ гоҳ худашро маъюб намеҳисобад. Аз ҳама зиёд пул кор мекунад ва рӯзгори оиларо худаш пеш мебарад. Дар бораи ин муаллими ҷавону ихтироъкору навовари кишвари мо ҳатто радиову телевизионҳои хориҷӣ низ барномаҳо омода кардаанд. Ному насабаш Зикрулло Асроров.
Агар шумо ба хонаи ин муаллим равед, дар ҳайрат мемонед. Ҳаракати роботҳо, худкории баъзе ашёҳои рӯзгор ва ҳар гуна таҷҳизоти сохташуда ҳар касро ба тааҷҷуб меорад, вале ин ҳамаро ӯ як кори одӣ меҳисобад. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ихтироъкориву навоварӣ кардан аз ҳамон лаҳзаи дар батни модараш будан дар вуҷуди ӯ ҷой гирифтааст. Зикруллоро суҳбаташ хеле шавқовар аст. Як гапҳое мегӯяд, ки фикр мекунед ӯ худи ҳозир аз дигар сайёра омадаасту аз ким-кадом навгониҳо мужда расонида истодааст.
Ӯ шогирдони хеле зиёд дорад ва ҳамаашон ихтироъкору навоваранд, ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҳастанд.
Ман аслан ҷойи чунин муаллимонро дар мактабҳои бонуфузи пойтахт – шаҳри Душанбе мебинам. Агар ваколате медоштам, аз шаҳрдори маҳбубамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳатман сахт хоҳиш мекардам, ки “Муҳтарам Раис, Зикруллоро ба пойтахт биёрем. Дар замоне, ки ҳар гуна вирусҳои хатарнок ба мағзи сари наврасони мо ҳуҷум мекунанд, онҳоро ба ҳар гуна роҳҳои хатарнок мебаранд, бояд мо ба омӯзиш ҷалб кунем ва будани Зикрулло барин ҷавонҳои боилму соҳибистеъдод дар марказ – пойтахтамон муҳим аст”.
Шогирдони Зикрулло дар Исфара имрӯз метавонанд ба дигарон дарс диҳанд. Аз ин рӯ, дар марказ будани Зикрулло барин муаллимони соҳибистеъдод хеле муҳим аст. Чунки Зикрулло наврасонро тез ба дарси худ ҷалб мекунад ва ҳар яки онҳоро ихтироъкору навовар кардааст. Ӯ айни ҳол дар шаҳри Исфара зиндагӣ мекунаду ҳамаи наврасон орзу мекунанд, ки шогирди ин муаллим бошанд ва ягон чизи аҷиб сохтанро омӯзанд.
Зиндагиву рӯзгори Зикрулло ҳоли ҳозир хеле хуб аст, маошаш нағз, ҷоизаҳояш қаторак ва ӯ аз чизе шикоят надорад. Ӯ дар рӯи кафи аҳли маорифи шаҳри Исфара ва мақомоти иҷроияи онҷо аст. Ҳама хеле ҳурматаш мекунанд ва самимона дӯст медоранд. Гарчанде маъюбии пой дорад, вале ҳеҷ гоҳ руҳафтодагӣ ба ботини ӯ роҳ ёфта наметавонад. Новобата аз мушкилоти ҷисмонӣ доштанаш, ақли солиму андешаҳои созандааш, хислати ҳамида ва илмдӯстиаш ӯро дар ҷодаи худ муваффақ гардонидааст.
Ӯ имсол низ аз хушбахттаринҳое буд, ки боз якчанд шогирдаш дар озмун соҳиби ҷоизаи Президентамон шуданд. Дар рӯзи маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” шахсан худи вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро ба ӯ ҷоизаро супориданд.
Дар зиндагии ин муаллими ҷавон ҳама чӣ басанда аст, вале ман бойгарии асосии ӯро дар пайваста шукр гуфтанаш мебинам.
Суҳбати мо чанд сол қабл дар худи шаҳри Исфара қариб як соат зиёдтар давом кард. Аз ҳамон вақт ин мафҳум ва ин савол дар андешаи ман буд: Муаллими бойтарин кист? Муаллиме, ки дар ҳама ҳолат шукргузор асту шогирдонаш ӯро маҷбур мекунанд, ки як соати дигар зиёдтар дарс гузарад.
Зикрулло ҳамин гуна муаллим аст. Муаллими дӯстдоштаи шогирдону бойтарини Тоҷикистон!
Меҳрубон ЗОКИРӢ,
журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ