Хушомад назанед ва тамаллуқ накунед!Насиҳати Ҷалол Икромӣ ва Маъруф Бобоҷон
Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон 80-сола шуд. Номбурда 3-юми ноябри соли 1945 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, соли 1967 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар Кумитаи телевизион ва радио, Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Идораи ҳифзи ҳуқуқи муаллифони назди Шурои вазирони Тоҷикистон фаъолият кардааст. Муаллифи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Хишти аввал» (1971), «Шаби охирин» (1978), «Ҷуфти кабӯтар» (1981), «Боғи умед» (1989), «Тавба» (2010), романҳои «Умеди вопасин» (2012), «Қасами Гиппократ» (2020) ва ғайра мебошад. Устод Маъруф Бобоҷон ба майдони адабиёт бо фотеҳаи нависандаи бузурги тоҷик Ҷалол Икромӣ ворид шудаанд. Бинобар ин, суҳбате, ки бо эшон дар арафаи 80-солагишон доштем, бештар аз Ҷалол Икромӣ буд…
– Устоди азиз, шумо дар суҳбату суханрониҳоятон аз нависандаи забардасту тавонои тоҷик Ҷалол Икромӣ зуд-зуд ёд меоред. Ошноии шумо бо эшон кай ва чӣ гуна сурат гирифтааст?
– Банда ҳанӯз дар давраи донишҷӯӣ ҳикояҳо менавиштам ва як қисми онҳо дар матбуоти даврӣ – «Пионери Тоҷикистон», «Машъал», «Комсомоли Тоҷикистон» ва ғайра чоп мешуданд. Аммо, вақте дар курси панҷум повести «Шаби охирин»-ро навиштам, ҷуръат карда, ба маҷаллаи «Садои Шарқ» бурдам. Кормандони масъули маҷалла, аз ҷумла котиби масъули он Юсуфҷон Акобиров фаҳмониданд, ки асарҳои нисбатан калонҳаҷмро бояд аввал адибони номдор мутолиа кунанд ва дувум, онро дар маҷлиси якҷояи ҳайати таҳририяи маҷалла ва Шурои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муҳокима мекунанд ва агар мусбат арзёбӣ шавад, сипас дар маҷалла ҷо меёбад. Аз ҷумла, пешниҳод карданд, ки аз назари устодон Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ ва дигарон гузаронам. То ин дам устод Аминҷон Шукӯҳӣ повестро хонда, писандида, ҳамзамон, барои боз ҳам беҳтару суфта кардани забонаш маслиҳатҳо доданд. Ман нишонӣ ва рақамҳои телефони манзили зисти устодон Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромиро навишта гирифтам. Қисса кӯтоҳ, нахуст ба устод Сотим Улуғзода занг задам. Чун ҷавоб надоданд, ба устод Ҷалол Икромӣ занг задам. Ҳамсари устод Икромӣ – Ходими хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон Саодатхон гӯширо бардошта, аз рафтани шавҳарашон ба Москва – Хонаи эҷодиёти Переделкино бо мақсади эҷоди роман хабар доданд ва гуфтанд, ки шояд баъди се моҳ баргарданд. Ман бо дили пурумед бо номачае ҷузвгири повестро ба устод Икромӣ ба Москва фиристодам. Ин охири моҳи январи соли 1969 буд. 7-уми феврал аз устод чунин нома гирифтам:
«Рафиқи ҷавонам, Маъруфҷон!
Повести шумо «Маҳтобшаб» (Повест аввал чунин ном дошт) кайҳо расида буд, аммо ман гумон кардам, ки маҷмуаи ҳикояҳоятонро барои сарсухан навиштани ман фиристодаед ва бинобар он, азбаски кор бисёр буд, онро накушода монда будам, ки дар фурсати муносиб кушода, сарсухан навишта мефиристам. Имрӯз мактуби шуморо Шавкат Ниёзӣ аз Переделкино оварда дод. (Ман аз якуми феврал дар Москва ҳастам). Аз мактуб фаҳмидам, ки он папка повест будааст ва кушода, мактуби дар он бударо хонда, хеле хиҷил шудам: ҳам аз худам ва ҳам аз Юсуфҷон! Ман ҳозир ба номи вай як хати сахт навишта мефиристам, агар он ҳам таъсир накунад, баъд ба Союз, ба Цека менависам. Вақте ки масъала ҳал шуд, сарсухан лозим шуда монд, ба ман хабар диҳед, зуд навишта мефиристам. Повестатонро аз пагоҳ сар карда мехонам. Ман бисёр хурсандам, ки шумо ба баъзе номаъқулиҳои касон аҳамият надода, ба кори эҷодиатон давом медиҳед. Нағз! Асло суст наоед, ки бой медиҳед. Ман ба ояндаи шумо боварӣ дорам. Ҷасур бошед, ба касе хушомад назанед ва тамаллуқ накунед (дар он қатор ба ман ҳам!). Фақат ба худатон ва эҷодиётатон, ба меҳнат ва коратон такя кунед. Забондароз ва ифтихорманд бошед, то ки ҳамаи ин хислатҳоро ба қаҳрамонҳои мусбати асарҳоятон дода тавонед.
Агар журналро фиристода бошед, ман хурсанд, вале агар ба адреси «Переделкино» рафта бошад, намедонам, чӣ мешавад?! Акнун ба адреси: Москва, В-311, ул. Первая Строительная, дом. 4, корп. 3, кв. 45.
Ба рафиқ Шукӯҳӣ ва дигарон салом.
Бо салом Ҷ. Икромӣ
7-уми феврали соли 1969».
Хушбахтона, устод повестро хонданд ва он таҳти унвони «Шаби охирин» дар шумораи №11-уми маҷаллаи «Садои Шарқ» дар соли 1970 бо пешгуфтори устод чоп шуд.
– Нахустин китоби ҳикояҳоятон соли 1971 дар нашриёти «Ирфон» таҳти унвони «Хишти аввал» бо сарсухан ва фотеҳаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ ба табъ расида буд. Аҳли илму адаб нек медонанд, ки устод Икромӣ ба ҳар китоби адиби ҷавон сарсухан навиштаю дар ҷодаи пурмасъулияти нависандагӣ фотеҳаи «роҳи сафед» намедодаанд. Ин бахт ва шарафи бузург чӣ гуна муяссар гардид ба шумо?
– Бо устод Ҷалол Икромӣ аз наздик шинос набудам. Тавре ишора кардам, ба василаи номанависӣ шинос шудем. Соли 1969, вақте аз Москва баргаштанд, бори нахуст хабаргирӣ рафта, бевосита шинос шудам. Чун дар аксҳояшон, пирамарди ситорагарм, ботамкину ширинсухан ва меҳрубоне будаанд. Ҳар дафъа, ки ба хабаргирӣ мерафтам, ҳатман сари дастархон даъват мекарданд. Ҳангоме ки чопи китоби нахустини ҳикояҳоям пеш омад устод пешгуфтор навиштанд.

– Алҳол мактубҳои ин нависандаи шаҳирро дар бойгониатон нигоҳ медоред, ки то ҳол ба хонанда нарасидаанд. Он номаҳо чӣ арзиш доранд?
– Номаҳои устод на он қадар зиёданд, даҳ-дувоздаҳ нома дар дасти ман ҳастанд. Дар он номаҳо аз ҳикояву повестҳоям баъди хондани устод сухан рафтаанд. Соли 1990 ба гапи баъзе рафиқон даромада (афсӯс), дар маъракаи сиёсии пешазинтихоботӣ ширкат кардам. Он вақт дар баробари дигар ёру дӯстон шодравон Ҷалол Икромӣ ҳам маро ҷонибдорӣ карда буданд ва таҳти унвони «Ман ифтихор дорам» ба интихобкунандагон муроҷиатнома ҳам навишта буданд.
– Ҳар гоҳе, ки дар бораи шахсияту хидмати устод Ҷалол Икромӣ ҳарф мезанем, ҳамеша асарҳои бузургу оламгирашон пеши назар меоянд. Рӯзгор ва эҷодиёти эшон ба нависандагони ҷавони имрӯзаамон чӣ сабақ дода метавонад?
– Албатта аз рӯзгор ва асарҳои бешумори устод Ҷалол Икромӣ сабақи зиёд метавон бардошт. Сабру таҳаммул ва заҳматписандии устод чун сифатҳои хоса шахсан ба ман намунаи ибрат буданд. То ҷое, ки медонам, бисёр асарҳо мехонданд, хоса асарҳои адибони машҳури Аврупоро. Ба назми оламгири форсу тоҷик низ муҳаббати беандоза доштанд. Рӯйи ҷевончаи назди кати хоб як китобе доштанд бо ҳуруфи арабӣ, ки дар як саҳифааш ғазали Саъдӣ ва дар саҳифаи дигараш ғазали Ҳофиз омадааст. Одаташон ин буд, ки пеш аз хоб аз он китоб чанд ғазал мехонданд. Дар асарҳояшон пораҳои шеърӣ истифода мекарданд.
– Мегӯянд, ки устод Икромӣ асарҳояшон, ҳатто мақолаҳояшонро ба хати арабӣ менавиштанд…
– Бале. Аз ҷумла, дар ҳошияҳои ҳикоя ва ё повестҳоям устод аксаран бо ҳуруфи арабӣ ишораҳо мекарданд. Дар ҳоли зарурат ба кириллӣ ҳам менавиштанд, лекин чун арабӣ на бо тезӣ, балки оҳиста. Аз ин сабаб, агар аҳамият диҳед, дар кириллӣ ҳар ҳарфро аксар алоҳида менавиштанд ва аз ин сабаб тезтар хаста мешуданд, бо ҳуруфи арабӣ бошад, соатҳо бо майли тамом эҷод мекарданд.
– Медонем, ки шумо тез-тез барои аёдат ва дидорбинии устод ба ҳавлиашон мерафтед. Дар бораи муҳити хонаводагиашон чанд ҳарфе бигӯед.
– Устод бо ҳамсарашон Саодатхон ва фарзандону наберагон хушмуомила ва ғамхору меҳрубон буданд. Ба устод тани сиҳату хотири ҷамъ даркор буд, ки ҳамарӯза эҷод кунанд. Соле то чор-панҷ моҳ дар хориҷа, дар хонаҳои эҷодиёти нависандагон бо роҳхати ройгони Хазинаи адабӣ мезистанд ва ба навиштани романҳо машғул буданд…
– Гуфта будед, ки ҳатто ба тӯйи хонадоршавиатон бо ҳамсарашон Саодатхон Икромӣ омада, бароятон нӯшбоди хотирмоне гуфтаанд?
– Он замон дар радиои ҷумҳурӣ кор мекардам. Ҳамсари ояндаам донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буд. Бо ҳамсарам 26-уми сентябри соли 1969 дар Душанбе расман никоҳ карда, қарор додем, ки тӯйи комсомолиамонро 4-уми октябр дар ҳавлии падарӣ, дар Рӯмон, ҷамоати Унҷии Хуҷанд мегузаронем. Устод Аминҷон Шукӯҳӣ, Ҷалол Икромӣ ва Боқӣ Раҳимзодаро ба тӯям даъват кардам. Устод Шукӯҳӣ аз сабаби ширкат дар маҷлиси навбатии Бюрои КМ натавонистанд ширкат кунанд, вале устодон Ҷалол Икромӣ ва Боқӣ Раҳимзода даъватро пазируфтанд…
Омадани шахсони муътабари ҷумҳурӣ дар деҳа ҳангома шуд. Албатта, чун дар ҳамаи тӯй ва ҷашнвораи адибони ҷумҳурӣ баранда ва соқии тӯй устод Боқӣ Раҳимзода буданд…
Устод Ҷалол Икромӣ, ки бо ҳамсарашон омада буданд, ба ифтихори хонадоршавиам соате ҳадя оварданд, ки дар як гӯшаи он навишта буданд: «Тӯй муборак, Маъруфхоҷа! Хушбахт шавед! Ҷалол Икромӣ. 04.10.1969».
– Дар як суханрониатон гуфтед, ки Ҷалол Икромӣ дар палавпазӣ маҳорати баланд доштаанд. Аз палави он кас оё боре тановул кардаед?
– На як бору ду бор, балки борҳо. Вақти аз дег палав кашидан ва ҳангоми палав хӯрдан устод бо мамнуният мегуфтанд: «Марҳамат кунед, ин хел палави бомаззаро бобоятон нахӯрдаанд». Воқеан, палавашон таъму маззаи хос дошт, ки то имрӯз фаромӯш намекунам. Гоҳо, маро диданӣ бошанд, занг мезаданд: “Барои нисфирӯзӣ палав мепазам, биёед!”… Палав баҳона, ҳам ба дидори якдигар мерасидем ва ҳам дар бораи адабиёт ва зиндагӣ суҳбатҳо мекардем.
Бо устод то ба ин дараҷа наздик шудани ман баъди як воқеаи муҳим оғоз ёфт. Охирҳои солҳои 70-уми асри гузашта, рӯзи якшанбе субҳ устод ба ман занг заданд ва хоҳиш карданд, ки агар вақти холӣ дошта бошам, як сари қадам ба хонаашон равам. Рафтам. Гуфтанд, ки чанд вақт боз ба сабаби гузаштани хунукӣ шикамашон варам карда, духтурон илоҷи онро наёфтаанд, ҳарчанд чандин дорувориро истеъмол кардаанд. Як ҳафта пеш Разиюллоҳ Абдуллозода аз Истаравшан барои ҳолпурсӣ занг зада, аз бемориашон шикоят мекунанд. Он гоҳ Абдуллозода кӯрморро ба дарди варами шикам марҳами як ба як гуфта, бо як шиносаш ҳамин кӯрморро фиристодааст. “Ману янгамуллоятон аз уҳдаи куштани ин кӯрмор намебароем. Чӣ мешуд, ки ин ҷонварро шумо кушта медодед?” – гуфтанд устод.
Ман дар умрам ғайр аз чанд хурӯс дигар ҷонвареро накушта бошам ҳам, дарҳол розӣ шудам, зеро ба устод кумак кардан мехостам. Ба розӣ шудан розӣ шуда, акнун ба хаёл рафтам, ки бо кадом роҳ морро бояд кушт ва то чойи пиёлаи дувумро нӯшидан, хушбахтона, ман роҳи онро филфавр барои худ муайян кардам. Хонандаи арҷманд агар романи «Қасами Гиппократ»-и маро хонда бошад, Самади Қош барои қудои бемораш Ашрафбек Давлатзода кӯрмор мефиристад. Писари духтур бо кадом роҳ кӯрморро мекушаду ба докаи чандқабата печонда, барои дар оташи паст ҷӯшондан ба деги нимаоб меандозад. Устод чун аз нақшаи пешакиам огоҳ шуданд, шод гашта, маро кордон гуфта, сифат карданд. Саҳеҳаш, чанд даҳсола пеш кӯрморкушиам барои савобу кори хайр вақти таълифи ин роман ба ёдам омаду онро бо майли тамом истифода кардам.
– Охирин дидоратонро бо устод дар хотир доред?
– Солҳои аввали истиқлол солҳои мудҳиш буд. Риштаҳои дӯстӣ канда ва рафтуомадҳо барҳам хӯрданд. Ҳама аз пайи ҷони худу аҳли оилаи худ буданд. Охирин вохӯрӣ ва дидори ман бо устоди арҷмандам пеш аз соли нави мелодии 1993 буд. Он вақт саломатиашон бад набуд. Вақтҳои охир як орзу доштанд ва ҳар замон такрор мекарданд: «Худованд умр медода бошад, бо чор ишкели бутунаш диҳад, вагарна як рӯз ҳам хобонда намонад»…
– Боз кадом лаҳзаи дилнишинро ба хотир оварда метавонед?
– Лаҳзаҳои дилнишин бо устод бисёранд. Танҳо яктоашро ба хотир меорам. Аввали моҳи октябри соли 1970 Даҳаи адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва баргузор гардид. Маро Кумитаи телевизион ва радиошунавонии ҷумҳурӣ чун мухбир ба ин маърака фиристод. Дар он ҷо, дар Литва маро ба гурӯҳе ҳамроҳ карданд, ки аз ҷумла устод Ҷалол Икромӣ ва Муҳиддин Фарҳат буданду Муъмин Қаноат чун раиси Иттифоқи нависандагон. Дар сарҳади ҳар шаҳру ноҳия моро бо гулу гулдаста, ҳадя ва албатта, бо финҷонҳои нимлитраи калони пиво – оби ҷав бо тантана пешвоз мегирифтанд… Вохӯриву суҳбатҳо ба дараҷаи олӣ мегузаштанд. Рӯзи охир, баъди субҳона, эълон карданд, ки имрӯз универмаги сеошёнаи шаҳри Вилнюс танҳо барои меҳмонони Тоҷикистон хидмат мекунад. Ҳама шоду хурсанд миёнҳоро мустаҳкам баста, ба мағоза давиданд. Аз ҷумла, ман ҳам рафтам. Ба писарчаи навзодам парпечу куртаю эзорчаҳо харидам, ки дар Душанбе набуд ё камчин буд. Устод Ҷалол Икромӣ хариди маро дида, гуфтанд: “Чаро ақаллан якто қолин нагирифтед? Намебинед, бачаҳои мо ҳар кадоме ду-сетоӣ гирифтаанд?”. “Ба онҳо насиб кунад, вале кисаи ман холӣ шуд”,- гуфтам рӯирост.
Амр карданд, ки аз пасашон равам. Дар назди шуъбаи қолинфурӯшӣ бозистода, ба қолинҳои бешумори ба деворҳо овехта ва ба замин густурда нигариста, ниҳоят якеро, ки гулҳояш майдаву рангаш баланд буд, интихоб карда, ба фурӯшанда амр доданд, ки онро печонад. Баъд ҳамёнро аз кисаи костум берун оварда, аз он яксаду ҳаштод сӯм ба сӯям дароз карданд. “Кадом вақт, ки пулдор шудед, ба ман бармегардонед…”,- гуфтанд.
Ҳамин тавр, ба шарофати устоди зиндаёдам дар қатори дигар ҳамдиёрон ман ҳам аз Вилнюс қолини нав гирифта, ба Душанбе омада будам, ки он чун ёдгор аз эшон то имрӯз дар девори хонаи писари калониам Манучеҳрхон овезон аст.
– Устоди азиз, дар фароварди суҳбат шуморо бо мавлуди 80-солагиатон шодбош мегӯем!
– Ташаккур!
Суҳбатнигор:
Муқимҷон АЛИШЕХОВ,
рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ