Болои сӯхта намакоб. Магар зиндагии шоиста чунин аст?

Имрӯз ягона мушкилоте, ки рақами аввал гаштаву ҳамчун қамчин зарба бар камар мезанад, ин болоравии нархи молу маҳсулот дар бозору фурӯшгоҳҳост. Мутаассифона, чунин аҳвол то ҳол масъулеро нороҳат накардааст. Охир чаро нороҳат созад, дар ҳоле, ки соҳибкурсиҳои идораҳои дахлдор аслан по ба бозор намегузоранд ва таассуроте ҳам дар сар надоранд, ки мардум бо чӣ нархи дандоншикане дар бозор бархӯрдоранд.

Хоҷаҳои манфиатҷӯ

Аз даромадгоҳи бозори “Саховат”-и пойтахт пайваста як кило  синаи мурғи дасткуш (филе)-ро бо маблағи 32 сомонӣ харидорӣ мекардам. Ин навбат чун наздики дӯкон шудам ва хостам ду килло харидорӣ кунам, ҷавонзани фурӯшанда бо садои нофораму ноҳинҷор огаҳам кард:

-Ака, ин дафъа нарх каме боло шидай, пеш дар 32 сомонӣ мегирифте, аку 39 сомонӣ шидай.

-Чаро,- пурсидам бо ҳамон оҳанги канда-канда?

 Посухам дод:

-Чунки роҳкирову нархи бензин қимат шидай. Пеш агар дар 20 сомонӣ борҳоямро бо таксӣ мовардам, ҳоло 30 сомонӣ шидай, чӣ кор кнем?

Ростӣ, ки дар чунин ҳолат бо он ҷавонзан баҳс кардан бефоида буд, зеро чунин муқарраротро хоҷаҳои манфиатҷӯяш таҳмили ӯ кардаанд.  Атрофи нарху қимати дигар молу маҳсулот ҳарфе намегӯям, зеро он чӣ аён аст, онро ҳоҷат ба баён нест.

Роњкиро қимат?

Аввалтар аз ҳама рӯ овардам ба арзиши роҳкиро.  Дар асоси хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 6 октябри соли равон ва муроҷиати корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва ширкату ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ, тибқи фармоиши Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» аз 10 ноябри соли равон ҳамчун сохтори ваколатдори соҳа ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе боло меравад. (нигаред ба саҳ 7)

Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар заминаи тасмимгириҳо атрофи боло бурдани қимати роҳ иттилоия додааст, ки гӯё мақсад аз ин ҳама “пурра қонеъ гардондани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва дар ин замина муътадил гардондани вазъи молиявии корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ аст”. Ҳамзамон, муассисаи мазкур боло рафтани нархи сӯзишорию пардохти андоз ва қарздории худро ҳамчун асосу баҳона пеш овардааст.

Хулоса, аз ҳисоби аҳолӣ метавон ҳама мушкилоту қарзу масрафоту хароҷоти худро рӯпӯш кард?! Ҳамин тавр не, муҳтарам масъулини Муассисаи давлатии комуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон”? Модом, ки чунин бошад, пас чаро сатҳу сифати хизматрасонии мусофиронро заррае ҳам ба танзим оварда наметавонед? Боре аз курсиҳои нарму мулоими хеш боло гардеду як назар ба хизматрасониҳои микроавтобусу автобусҳоятон дар дохили шаҳр намоед! Маротибе ҳамчун мусофир дар нақлиёти ҷамъиятӣ ақаллан як истгоҳ бо автобус ва ё микроавтобус ҳамроҳ бо издиҳоми афтону хезону парешон равед, баъд тамъи ногувори рафтуомади мардуми мусофир хоҳед чашид, ки мехоҳед аз ҳисоби онҳо камбудиву норасогиҳои хешро рӯпӯш намоед. Магар ҳамин аст, таъмини зиндагии шоистаи мардум, ки пайваста Сарвари давлат ҳар яки шуморо огаҳ месозад, то дар ин самт пурсамар кор кунед!!!

Бесарусомонӣ то кай?

Дар баробари болоравии нархи роҳкиро болоравии арзиши маводи сӯхт низ мардумро нороҳату нигарон сохтааст. Зеро болоравии роҳкирою нархи маводи сӯхт, таъсири сахту бесобиқа ба нархи молу маҳсулоти бозор мегузорад…

Аҷаб  дарди бедавое гашта, масъалаи арзиши маҳсулоти нафтиву газу бензин. Ҳар гоҳ, ки аз болоравии нархи маводи сӯхт сухан оғоз гардад, иттилоияю маълумотномаи идораҳои масъул рӯи даст аст: БУҲРОНИ ЭНЕРГЕТИКИИ ҶАҲОНӢ!!!

Атрофи болоравии қимати маводи сӯхт Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мисли ҳаррӯзаву ҳармоҳаву ҳарсола пешорӯи хабарнигорон ҳисобот медиҳад: 

“…дар нуҳ моҳи соли 2021  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  фалону фалон миқдор маҳсулоти нафтӣ бо фалон миқдор маблағ ворид шудааст…” Аз овардани арқоми аз ҷониби Хадамоти мазкур ироагашта худдорӣ мекунам, зеро ҳарчанд воридот бештар бошад, ҳамон андоза нарх низ майл ба боло дорад.  Хуллас, нархи бензин аз 11 сомонӣ ҳам болост ва агар  “тамоюли баландшавии нархи маҳсулоти сузишвориро дар кишварҳои истеҳсолкунандаву содироткунанда” (хулосаи Хадамот) дастаку баҳона кунем, аҳвол бадтар мешаваду беҳтар не.

Солҳост, ки аз забони масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба танзим овардани нарху интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба кишвар як суханро ба такрор мешунавем: “Хадамот бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди рақобатпазирӣ ва пешгирӣ намудани болоравии беасоси нархи маводи  сӯзишворӣ, аз ҷумла, бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ мониторинги бозор гузаронда, ҳолати рақобатро дар он баҳогузорӣ менамояд”. Э, биё монед-е, ин чӣ гуна мониторингу назорату пешгирӣ аз ҳар гуна тақаллубкориҳо дар ин самт аст, ки ҳеҷ сомон надорад?!

Муҳтарам масъулин, аз шумо талаб, на дархост, биёед дар радифи ободкориҳои шаҳри азизамон Душанбе ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, дар танзими нархи маҳсулоти бозору маводи сӯхт заррае ҳам бошад саҳми худро гузоред!  Ана он  гаҳ хоҳем гуфт, ки воқеан, ҳам шумо пайравони арзандаи Пешвои миллатед, ки дар таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳм гузоштаед! Ё, не? Ё бо сукут ихтиёр кардан, қалби пур аз дардро таскин бахшем, ки Худо аз ин бад накунад?!

Муҳиддин Идизода,

махсус барои “Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.