Таркиш дар заводи борут,16 нафар фавтид

Дар посёлкаи Леснои ноҳияи Шиловски вилояти Рязан субҳи 22 октябр дар ҳудуди корхонаи Эластик, ки борут (порох) истеҳсол мекард ва ҳамчунин партовҳои лавозимоти ҷангиро коркард менамуд, таркиш бо оташ ба амал омад. Тибқи сарчашмаҳои гуногун, аз 12 то 16 нафар коргарони он ҷон бохтаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодда марги ҳафт коргарро расман тасдиқ кард, хабар медиҳад ТАСС. Як нафари дигар дар беморхона бистарӣ шудааст. Ҳангоми рух додани ҳодиса дар анбори таркида 17 нафар буданд. Тибқи аксҳои нашршуда, бино зарари ҷиддӣ дидааст. Айни замон сӯхтор дар масоҳати 160 метри мураббаъ хомуш карда шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.