Ван Дамм: Дӯсти ман Асадулло Раҳмон…

Жан-Клод Ван Дамм, ситораи машҳури Ҳолливуд рӯзи 22 октябр, 4 рӯз баъди зодрӯзи 61-уми худ дар саҳифааш дар Фейсбук чанд акси навро аз силсилаи “Дӯстони ЖКВД”бо навиштаҷоти “дӯстони нав аз саросари дунё” нашр кард. Дар байни онҳое, ки аксашон бо ситораи шуҳратёр дар саҳифааш дар Фейсбук нашр шуд, Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар масоили кадрҳо низ ҳаст. Маълум нест, ки ин аксҳо кай, дар куҷо ва дар чӣ шароит сабт шудаанд. Танҳо яке аз корбарон навиштааст, ки Асадулло Раҳмон бо Ван Дамм дар Фаронса вохӯрдааст. Дар аввали даҳаи дуюми моҳи октября ҳайъати олии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари серӯза аз Фаронса боздид карда буд. Акси муштараки Ван Дамм бо Асадулло Раҳмон беш аз 10 ҳазор лайк ҷамъ оварда, садҳо нафар онро бознашр кардаанд ва чандин корбари тоҷик дар зераш навиштаанд, аз дидани ҳамватани худ дар паҳлуи ин устураи Ҳолливуд ифтихор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *