Боридани борон дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда   дар назар буда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва  дар баландии 3000 м боридани барф пешгӯйи шудааст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва  дар баландии 3000 м боридани барф пешгӯӣ шудааст.      Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 21+26 ва дар шарқи ин вилоят шабона -0+5 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,    шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +11+16  ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат     дар назар аст.  Ҳарорати ҳаво шабона ба +8 +13 ва рӯзона ба +25+30 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +9+11 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *