Боз ноҷавонмардӣ: Тирезаҳо аз тири қирғизҳо сӯрох шудаанд! (аудио)

Хайёмиддин Исмоилов, рӯзноманигори муқими вилояти Суғд шоҳиди воқеаҳои даргирӣ дар марз аст ва наворе бо аксҳо аз ҷои ҳодиса ба Pressa.tj равон кард.

Дар навор гуфта мешавад: “Дӯстони азиз! Дар маркази ҷамоати Хистеварз қарор дорем. Боз аҳдшиканӣ, боз ноҷавонмардӣ. Муроҷиати ман ба тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамин аст, ки дигар роҳи баргашт нест. Имрӯз онҳо бояд ба кори кардаи худ ҷавоб диҳанд. Онҳо кӯшиш карданд, ки ба хонандагони мактаб зарар расонанд. Онҳо дар мактаби Хистеварз аз яроқ истифода карданд. Бинед, ки хуни шаҳрвандони аз сарҳад дур қарордошта рехта, тирезаҳои хонаҳои аҳолии осоишта аз тир сӯрох шудаанд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *