Боз ришва, боз даҳ ҳазор…

Сардори бахши мубориза бо маводи мухаддир (ОБНОН)-и ШВКД шаҳри Истаравшан аз ҷониби мақомоти Агентии мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудааст.

Сардори бахши мубориза бо маводи мухаддир (ОБНОН)-и ШВКД шаҳри Истаравшан аз ҷониби мақомоти Агентии мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудааст. Ба гуфтаи манбаи «Ахбор”, афсари баландпоя дар ивази ҳалли як парванда аз наздикони як гумонбар 10 ҳазор доллар пора гирифта, боз 2 ҳазор доллари дигар талаб кардааст. Ӯро рӯзи 11 март ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллар бо далели шайъӣ дастгир кардаанд. Як муовини сардори ШВКД Истаравшан, ки ба ҳамдастӣ дар ин кирдори коррупсионӣ гумонбар мешавад, фирор кардааст. Мақомот ин хабарро ҳанӯз расман шарҳ надодаанд.

Як манбаи сомонаи «Ахбор” аз Истаравшан хабар дод, ки кормандони Агентии мубориза бо коррупсия як афсари баландпояи ШВКД Истаравшанро бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи бузург дастгир кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, сардори бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (ОБНОН)-и ШВКД Истаравшан аз наздикони як гумонбар барои ҳалли парвандааш 10 ҳазор доллар пора талаб карда гирифтааст.

«Вале сардори ОБНОН бо ин қонеъ нашуда, ба кирдори тамаъҷӯёнааш идома додааст ва аз наздикони он гумонбар боз 2 ҳазор доллари дигар талаб кардааст. Онҳо ба тамаъҷӯии беохири сардори ОБНОН ба дод омада, ба Агентии мубориза бо коррупсия муроҷиат кардаанд ва рӯзи 11 март афсари милиса ҳангоми гирифтани ин 2 ҳазор доллар бо далели шайъӣ ба даст афтодааст, – мегӯяд манбаи «Ахбор”.

Афсари боздоштшуда ҳангоми бозпурсӣ эътироф кардааст, ки ин пулро танҳо вай намехӯрд, балки бояд бо нафарони аз худаш болотар тақсим мекард. Манбаи «Ахбор” мегӯяд, муовини сардори ШВКД шаҳри Истаравшан оид ба корҳои фаврӣ (оперативӣ) низ ба ҳамдастӣ дар ин ҷинояти коррупсионӣ гумонбар мешавад, вале ба кормандони Агентӣ муяссар нашудааст, ки ӯро боздошт кунанд: «Муовини сардори ШВКД оид ба корҳои оперативӣ баробари шунидани хабари боздошти сардори ОБНОН фирор карда, ба самти номаълум ғайб задааст. Ҷустуҷӯи ӯ идома дорад.

Ин қазия дар ҳоле рух дод, ки ҳамагӣ се моҳ пеш сардори ШВКД Истаравшан иваз шуд. Рӯзи 3 декабр ба ҷои полковник Шамсулло Маҳмудзода (бародари раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев), ки тибқи ротатсия ба мақоми сардори ШВКД ноҳияи Панҷ таъйин шуд, роҳбарии ШВКД Истаравшан ба полковник Одиназода Фирӯз Саттор гузашта буд.

Ин бори аввал нест, ки масъулони мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон бо ҷурми коррупсия ва ҳатто даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Яке аз чунин қазияҳои пурсарусадо парвандаи генерал-майори милиса Файзулло Гадоев – сардори собиқи раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддир (УБНОН)-ивазорати корҳои дохилӣ ва Корманди ифтихории ВКД Тоҷикистон буд, ки 15 октябри соли 2018 дар ғайбаш бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.Додгоҳ Гадоевро бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ришвагирӣ ва сӯиистифода аз мансаб гунаҳкор донист ва Гадоевро аз рутбаи «генерал-майори милитсия” ва нишонҳои давлатӣ, аз ҷумла аз «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳрум ва молу мулкашро мусодира кард. Файзулло Гадоев чанд сол пеш аз Тоҷикистон фирор карда, муддате дар Русия паноҳ мебурд ва ҳоло, бино ба хабарҳо, дар яке аз кишварҳои Ғарб зиндагӣ мекунад.

Ҳамин тавр, дар соли 2015 полковник Саймухтор Беков, сардори шуъбаи тафтишоти Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва Эргаш Маликов – сардори шуъбаи панҷуми Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии ин Агентӣ бар асоси қисми чоруми моддаи 3109-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) ба муҳлати мутаносибан 10 сол ва 10 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон шуданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда навишт:

«Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 8 октябри соли 2015 Маликов Эргаш Ҷумабоевич– сардори шуъбаи 5-уми Раёсати оперативӣустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 314 қисми 1 (суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 319 қисми 4 бандҳои «а», «б», «в», «г» (гирифтани пора аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ба миқдори калон)Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беков Саймухтор Абдуллоевич сардори шуъбаи тафтишотии ҳамин Агентӣ бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «а», «б», «в», «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, мутаносибан ба ҷазоҳои 10 солу 6 моҳ ва 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ ва 5-солӣ маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳкум гардиданд.

Номбурдагон барои он гунаҳгор дониста шуданд, ки бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ, бо маслиҳати пешакӣ барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани Ҳусейнов Рашидҷон Изатович ва баргардонидани автомашинаи тамғаи БМВ-Х5, рақами давлатиаш 70-07 АО 01, инчунин барои аз қисми 3 моддаи 200 Кодекси ҷиноятӣ ба қисми 1 моддаи 200 Кодекси ҷиноятӣ банду баст намудани кирдори Ибрагимов Рауф Изатович аз бародари номбурдагон Ибрагимов Ҳикматулло Изатович 83000 (ҳаштоду се ҳазор) доллари ИМА пора гирифтаанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – як манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиш — қариб 1400 километр марзи муштарак дорад, ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири «афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон ва қисман ба Аврупо табдил ёфтааст. Ҳар сол дар Тоҷикистон аз қочоқбарон беш аз ду тонна маводи мухаддири аксаран тавлиди Афғонистон ёфт ва мусодира мешавад.

“Ахбор”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *