Боз садҳо куштаву захмӣ дар шаҳри Кобул

Дар пайи таркиши мудҳиш  дар шаҳри Кобул садҳо шаҳрвандон куштаву захмӣ шуданд.  Дар байни онҳо сарбозони амрикоӣ низ ҳастанд.

Расонаҳои Афғонистон иттилоъ медиҳанд, ки чор инфиҷор, ки ба гумони ағлаб, ҳамлаҳои интиҳорӣ буданд, дар маҳалли майдони ҳавоӣ ва як инфиҷори дигар дар Пули сӯхта, воқеъ дар ғарби шаҳри Кобул рух додааст.

Муҷибурраҳмон Козимӣ, сокини Кобул, ки дар фурудгоҳи Кобул қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ду инфиҷор ҳангоми намози шом ва ду инфиҷори дигар миёни соатҳои 10 то 11 – у 30 дақиқаи шаб ба вақти Кобул рух дод.

“Инфиҷорҳо хеле муҳиб буданд. Дуввумӣ бадтар буд. Ҳамагӣ дар маҳватаи фурудгоҳ рух доданд. Ҳоло як дарҳамбарҳамии даҳшатборе дар маҳал ҳукм меронад. Аслан касе ба ҳисоби чизе намеравад. Кормандони сиҳиву емерҷанси (ёрии таъҷилӣ) нестанд, мардум захмиёнро худашон ба шифохона интиқол медиҳанд”, — гуфт ӯ.

Бино ба иттилои ин манбаъ, дар пайи инфиҷорҳо дар фурудгоҳи Кобул беш аз 100 нафар куштаву ҳудуди 200 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Авохири  соати 9 як инфиҷори дигар дар соҳаи Пули сӯхта, макони маъруф ба маҳалли муъдодон, воқеъ дар ғарби шаҳри Кобул низ як инфиҷор рух дод. Судай Ҳусайнӣ, сокини ин маҳал гуфтааст, як мошини “Ренҷер” – и ҷангиёни Толибон* мавриди ҳамла қарор гирифта, чаҳор тани онҳо ба ҳалокат расидаанд.

“Ҳама аз ҷои ҳодиса фирор кардем, то ба мушкил гирифтор нашавем”, — гуфт ӯ.

Ҳамлаи аввал ба фурудгоҳи Кобулро шохаи “Хуросон” – и гуруҳи Давлати исломӣ (ДОИШ, гуруҳи мамнуъ дар Тоҷикистону Русия) ба зимма гирифт.

Ин гуруҳ рӯзи сешанбе тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон эълон карда буд, ки ба фурудгоҳи Кобул ҳамла хоҳад бурд.

Иддае ҳам бар инанд, ки ин кори худи гуруҳи Толибон* (мамнуъ дар Тоҷикистону Русия) аст, ки ба хотири тарсонидани мардуми ҷамъшуда ва ҳам низомиёни амрикоӣ дар фурудгоҳи Кобул роҳандозӣ шудааст. Аммо ҳамла ба мошини ҷангиёни толиб аз сӯи кадом гуруҳ анҷом шудааст, маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *