Боз як судзании нав дар ноҳияи Панҷ

16 ноябр боз як судяи суди ноҳияи Панҷ – Саидаҳмад Зайдуллозода – ҳадафи ҳамла аз ҷониби як сокини ин ноҳия қарор гирифта, аз қисмати чапи гардан ва пешониаш ҷароҳат бардоштааст.

Рӯзи 31 август як сокини Панҷ бо табар ба раиси суди ин ноҳия Давлатманд Раҳимзода ҳамла карда буд.

Ба қавли сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, Саидаҳмад Зайдуллозода, як судяи суди ин ноҳия аз ҷониби як сокини маҳаллӣ латукӯб шуда, барои табобат ба беморхона муроҷиат кардааст.

Ба гуфтаи сардухтур, Зайдуллозода рӯзи 16 ноябр, соати 14:55 ба табибони беморхона муроҷиат карда, онҳоро барои ташхис ба ҳуҷраи кориаш даъват кардааст.

Муаллифи ин хабар Баҳодур Уроқов менависад, ки «қисмати чапи гардан ва пешонаи судя ҷароҳат бардоштааст, аммо аз бистарӣ шудан даст кашидааст.”

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Панҷ гуфтаанд, ки Зайдуллозода аз шикоят даст кашидааст, вале таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Худи судя Зайдуллозода дар гуфтааст,ки  ин воқеа соати 12-и рӯзи гузашта, 16-уми ноябр дар утоқи кориаш рух додааст ва сабаби асосии он норозӣ будани шаҳрванд аз ҳалномаи судӣ будааст.

Ба гуфтаи Зайдуллозода, ӯ парвандаи оилавиро барои маскун намудани ҳамсар ва фарзандон баррасӣ карда, ҳалнома баровардааст, вале Додов Шарофиддин Аловиддинович, шавҳари зан, ки рӯзи гузашта барои гирифтани ҳалнома омадааст, бо изҳори норозигӣ, дар пайи ҳамлаи лафзӣ аз гиребонаш дошта, чанд мушт задааст.

— Дирӯз, вақте Додов Шарофиддин барои гирифтани ҳалнома омад, бо қаҳр ба ман гуфт, ки бояд ман ин корро намекардам ва зану фарзандонашро маскун намекардам, вале ман ба вай фаҳмонидам, агар аз ҳалнома розӣ набошад, марҳамат ба судҳои болоӣ муроҷиат кунад. Аммо ӯ аз гиребонам дошту як мушт дар қафаси сина ва яктои дигар ба пешониам зад, — гуфт судя.

Дар дувуним моҳи охир ин алакай дувумин мавриди ҳамла ба кормандони суди ноҳияи Панҷ аз ҷониби сокинони ин ноҳия аст.

Шоми 31 август Диловар Олимов, як сокини 39-солаи ноҳияи Панҷ, ки бо ҳамсари собиқаш баҳси додгоҳӣ дошт, бо табарчаи гӯштмайдакунӣ вориди ҳуҷраи кории раиси додгоҳи Панҷ Давлатманд Раҳимзода шуда, ӯро бо зарби табар захмӣ кард.

Диловар Олимов, ки қаблан ҳам суд шудааст, ду фарзандаш аз ҳамсари собиқи худро эътироф намекард ва мегуфт, ки ин кӯдакон аз ӯ нестанд. Вале додгоҳ ҳукм баровард, ки ӯ бояд ба ҳар кӯдакаш 130 сомонӣ алимент бисупорад.

Диловар Олимовро соате баъди ин ҳамла дар бозори марказии ноҳияи Панҷ дастгир карданд ва ба зиддаш парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Дар гузашта низ чунин мавридҳои ҳамла ба кормандони додгоҳ дар Тоҷикистон рух додаанд. Аз ҷумла дар соли 2012 Зайналобидин Ҷӯраев, як сокини 79-солаи шаҳри Исфара дар пайи як баҳси замин ба рӯи раиси онвақтаи додгоҳи ин шаҳр Абдуҳамин Давронов кислота (тезоб) пошид. Дар натиҷаи ин ҳамла рӯй ва чашми чапи Абдуҳамид Давронов аз кислота осеб дид.

Зайналобидин Ҷӯраевро ба 8,5 соли зиндон маҳкум карданд, вале ӯ дар додгоҳ гуфт, аз кирдораш пушаймон нест, чунки аз беадолатии судя Давронов ҷонаш ба лаб омада буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *