заминларза

Боз заминларза! Боз дар Куҳистони Мастчоҳ!

Субҳи имрӯз, 29-уми март дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, ки чанд рӯз қабл дар он ҷо заминларзаи харобиовар ба вуқуъ пайваста буд, боз замин ҷунбид.

Экспедитсияи таҷрибавӣ-методии зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон дар портали расмии худ хабар додааст, ки умқи зилзила 5 км ва шиддати он 4,5 баллро ташкил медиҳад. “Маркази зилзила дар куҳҳои марзи миёни ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳу Рашт ва Ҷумҳурии Қирғизистон воқеъ будааст”,- омадааст дар хабари мазкур.

Хушбахтона, заминларзаи навбатӣ ягон хисороте ба бор наовардааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 23-юми март дар ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ ва Рашт як силсила заминларзаҳои харобиовар ба вуқуъ пайваста, дар натиҷа биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва коммуналӣ осеб диданд. Роҳҳои автомобилгард ҳам вайрон шуда, даҳҳо сар чорво ҳалок гардиданд.

Пас аз ҳодисаи изтирорӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳи кории вижае таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода таъсис дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *