Баҳси 143 ҳазор доллар. Мӯйсафеди қаллоб 3 нафарро фиреб додааст

Марди 66-солае аз се нафар маблағҳои калони пулӣ гирифта, барнагардонидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 29-уми март хабар дод.

Тавре ВКД иттилоъ медиҳад, “ба ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ аризаи марди 71-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки соли 2011 марди 66-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 31 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”.

Ба ин монанд соли 2021 аз марди 68-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ 70 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз марди 69-солаи сокини пойтахт 41 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифтааст ва то ҳол барнагардонидааст.

Мақомот дар ин маврид тафтишот мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *